8 Июл 2025 - 13:41
Source: ABNA
Камини муқовимат барои низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Навори Ғазза

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз як ҳодисаи сахт барои низомиёни ишғолгар дар шимоли Навори Ғазза хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт(а) ـ Абна ـ расонаҳои режими саҳюнистӣ аз як ҳодисаи сахт барои низомиёни ишғолгар дар шимоли Навори Ғазза хабар медиҳанд. Манобеи режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки гурӯҳе аз низомиёни ин режим дар шимоли Ғазза дар камини нерӯҳои муқовимат гирифтор ва шуморе аз онҳо кушта ва захмӣ шуданд. Пас аз ин ҳодиса як нерӯи кумакӣ низ, ки барои наҷоти онҳо вориди минтақа шуда буд дар камин гирифтор шуд. Бархе аз расонаҳо ва корбарони саҳюнистӣ эълом карданд, ки дар ин ду камин чаҳор низомии ишғолгар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шудаанд. Тасвирҳое низ аз балигарҳои режими саҳюнистӣ мунташир шудааст, ки дар ҳоли интиқоли куштаҳо ва захмиёни ин ҳодиса ҳастанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha