2 Июл 2025 - 13:33
Source: Parstoday
Таҳлилгари ҷаҳони араб : Натанёҳу ва Трамп дурӯғ мегуянд , тасовири вайрониҳо гувоҳи пирӯзии Эрон аст

Tаҳлилгари масоили роҳбурдии минтақа гуфт : Эрон дар ҷараёни ҷанги 12 рӯза хисоратҳои зиёдиро ба Тел-Авив ворид карду иҷозаи таҳаққуқи аҳдофи саҳюнистҳоро дар ҷанги надод .

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории Mеҳр , Абдул Бари Атван  таҳлилгари масоили роҳбурдии минтақа дар мақолае бо ишора ба таҳаввулоти ҷанги ахири режими саҳюнистӣ ва Эрон, ва мавозиъи Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико дар ин бора навишт, ки дар тӯли 40 сол фаъолияти матбуотӣ ва нависандагии худу пайгири раванди таҳаввулоти сиёсӣву ҷангҳо дар ҷаҳон , раиси Ҷумҳуре пурчонатару дурӯғгӯтар аз Доналд Трамп ба худ надидааст.

Атван тасреҳ кард, ки ёвагӯииҳоу дурӯғгӯииҳои Трамп шоистаи раиси Ҷумҳурии як давлат, ки иддаои раҳбарии ҷаҳони озодро дорад , нест ; ӯ ҳамвора мардумро бо изҳороти мутаноқизи худ фиреб медиҳад .

Таҳлилгари масоили Ғарби Осиё бо ёдоварии дурӯғпардозиҳои Трамп тасреҳ кард : ӯ муддаӣ буд ба дунболи рафъи таҳримҳо зидди Эрон буда ва бештарини фурсатро барои беҳбуди авзоъи ин кишвар эҷод кардааст , аммо  Раҳбари инқилоби исломӣ 2 рӯз пас аз поёни ҷанг таъкид карданд, ки Эрон дар ин ҷанг пирӯз шуда ва ҳамчунон ба дифоъ аз худу муқобила бо душманон идома медиҳаду ҳаргиз таслими душман нахоҳад шуд .     

Ин дар ҳолеаст, ки иддаои лағви таҳримҳо, ки тавассути Трамп матраҳ шуда , ниёзманди мувофиқати Конгресси Амрико аст . Афзун бар ин , мумкин нест давлати Амрико қабл аз поён ёфтани ҷанги Исроилу Эрон ва мушаххас шудани натоиҷи ин ҷанг , иқдом ба ин кор карда бошад . Нуктаи муҳимтар инаст, ки Эрон таслим нашуда ва  шароити Амрикоро напазируфта аст .

Атван дар идомаи ин мақола навишт : Эрон дар тамоми тӯли ҷанг то поёни он аз ҳечяк аз давлатҳои муттаҳиди худ аз ҷумла Русияу Чин ва Кореяи Шимолӣ ва ҳатто муттаҳидони минтақаии худ дархост кумак накард . Ин дар ҳоле буд, ки Исроил билофосила даст ба домани Амрико шуду мудохилаи фаврӣ ва ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эронро хостор шуд .

Ин таҳлилгари масоил сиёсӣ менависад : Теҳрон ҳаргиз дархости оташбас накард ва ба ҳамалоти мушакии болистику мофавқи савти худ то охирин лаҳза аз эъломи оташбас идома дод ва Амрикоу режими саҳюнистӣ ҳаргиз тасаввур намекарданд Эрон сомонаи анбуҳe аз мушакҳои бисёр пешрафта бо қудрати тахриб бисёр қавӣ аз навъи “ Фаттоҳ “ ва “ Cиҷҷил “ )Sejjil( ва “Хайбар “ дошта бошад ; Mушакҳоe, ки 7 лояи падофанди ҳавоии Амрико ва режими саҳюнистӣ дар раҳгирии онҳо ноком буданд ва натавонистанд монеъ аз исобати ин мушакҳо ба аҳдофи мавриди назар ва тахриби чандин шаҳри режими саҳюнистӣ назири Тел-Авиву Ҳайфа ва Ашдуд … шаванд .

Таҳлилгари масоили роҳбурдии минтақа таъкид кард, ки таҷовузи муштараки Амрикоу режими саҳюнистӣ ба Эрон бисёре аз муъодилоти қудратро тағйир дода ва чӣ басо, собит кард ки Ховари Миёна дар остонаи тағйири фарогир қарор гирифта аст, ки мубтанӣ бар хостаҳои Трамп ва Натанёҳу нест ; балки мубтанӣ бар мутолиботи мардуми минтақау артишҳои он аз Ғазза гирифта то Эрон аст .

Your Comment

You are replying to: .
captcha