2 Июл 2025 - 13:36
Source: Parstoday
Вокуниши “Фокс-Нюс” ба бархӯрди тунди Ҳегсет дар бораи Эрон: Конфронсҳоро ба генералҳо бисупор!

Шабакаи телевизионии “Фокс-Нюс” аз асабӣ шудани вазири дифои Амрико, пас аз пурсише дар бораи таъсири ҳамлаи ин кишвар ба Эрон, ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА, рӯзномаи амрикоии “Ҳоффингтон Пост” дар гузорише ба вазъияти асабии Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико пас аз ҷанги таҳмилии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ишора кард ва навишт: Муҷрии “Фокс-Нюс”  аз Ҳегсет хост, ки агар қарор аст ин қадар таҳрикпазир бошад, конфронси хабариро ба генералҳо бисупорад.

Бар асоси ин гузориш, Лиз Клейман, муҷрии шабакаи “Фокс Бизнесс” дар як нишасти хабарии ахир аз вазири дифои Амрико хост, агар қарор аст аз суолоти мунсифонаи хабарнигорон ба ин шиддат асабӣ шавад, беҳтар аст конфронсҳои хабариро ба генералҳо вогузор кунад.

Вай дар барномаи «Медиабоз», ки аз шабакаи “Фокс-Нюс”  пахш мешавад, аз рафтори Ҳегсет нисбат ба Ҷеннифер Грифин, хабарнигори бособиқаи “Фокс-Нюс” ба шиддат интиқод кард.

Ҳуорд Куртз, муҷрии барномаи “Медиабоз” пеш аз пахши клипе аз бархӯрди тунди Ҳегсет бо хабарнигорон, ба гузоришҳое ишора кард, ки арзёбии аввалияи вазорати дифоъ аз ҳамалот ба Эронро мунташир карда буданд. Дар он клип, Ҳегсет, Грифинро бадтарин хабарнигор тавсиф карду гуфт, ӯ суханони раисиҷумҳурро таҳриф кардааст.

Клейман дар бораи рафтори асабии вазири дифои Амрико дар вокуниш ба суоли як хабарнигор дар хусуси ҳамалоти Амрико ба Эрон, гуфт: Фикр намекунам оқои вазир дар онҷо иртиботи муассире бо суолкунанда барқарор карда бошад. Ба назар мерасид, аз қабл омода буд то ҳамла кунад. Ӯ ба шиддат аз лиҳози асабӣ барангехта буд.

Клейман пешниҳод кард: Шояд беҳтар бошад ин навъ нишастҳои хабариро ба генералҳое биспорем, ки ором, матин ва мисли як устоди донишгоҳ масоилро барои расонаҳо тавзеҳ медиҳанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha