2 Июл 2025 - 13:35
Source: Parstoday
"Ал -Ахбор": Cанъати ҳастаии бумии Эрон ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт

Порс-Тудей. Як рӯзномаи арабзабони лубнонӣ навишт: Бо вуҷуди ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ, аммо бумӣ будани санъати ҳастаии Эрон дар канори фанновариҳои пешрафта , нобудии онро ба амреи номумкин табдил кардааст .

Ба гузориши Порс-Тудей, рӯзномаи « Ал -Ахбор » чопи Лубнон навишт , Эрон шашуми аврели 2006 ба сурати расмӣ эълом кард, ки бо ғанисозии ураниум (уран) ба мизони 3 . 5 дарсад барои аҳдофи сулҳомезу ғайринизомӣ , ба ҷамъи кишварҳои дорои қудрати ҳастаӣ пайвастау чархаи комили тавлиди сӯхти ҳастаиро дорад , ин масъала, натиҷаи роҳии тӯлонӣ буд, ки аз истихроҷи ураниум то тавлиди энержӣ аз он ҳамагӣ дар дохили Эрон анҷом шуд .
Ин рӯзномаи лубнонӣ дар идомаи афзуд: Aммо дар гуфтаҳои ғарбӣу арабӣ , дар аксари мавоқиъ, “Реакторҳо” бо таъсисоти ҳастаӣ яке мешаванд , дар ҳоле ки медонем таъсисоти ҳастаӣ бештар ба марокизи тавлидӣ гуфта мешавад ва дорои маводҳои радиоактивии хатарнок ё реактивӣ (вокунишпазир) нестанд .


Режими саҳюнистии рӯзи 23 хурдоди 1404 ( 13 июни 2025 ) , бо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалу Ҳокимияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон , манотиқе дар Теҳрон ва бархи дигар аз шаҳрҳо аз ҷумла таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор дод. Дар ин иқдоми мутаҷовизона , шуморе аз донишмандон, низомиёну шаҳрвандони ғайринизомии эронӣ ба шаҳодат расиданд.

Ҳамчунин , дар идомаи ин таҷовуз , Амрико низ бомдоди якшанбе 22и июн , бо ҳамлаи мустақим ба сайтҳои ҳастаии фурду, Натанзу Исфаҳон , амалан ба ҷанги режими саҳюнистии алайҳи Эрон пайваст, ки дар вокуниш ба ин иқдомот, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бо истинод ба модаи 51 маншури Милали Муттаҳид таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломӣ амаи гузинаҳоро барои дифоъ аз манофеъ ва мардуми худ маҳфуз медорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha