Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Эл Би Сӣ», марде 31-сола пас аз «бархӯрд бо чанд пиёдагард» дар маркази шаҳри «Лестер» дар соатҳои аввали субҳи имрӯз шанбе боздошт шуд.
Бар асоси эъломи ин расона, дар ин ҳодиса то кунун захмӣ шудани 4 нафар, шомили 2 мард ва 2 зан таъйид шудааст.
Пулиси Англия эълом кард, ки дар пайи вуқӯи ин ҳодиса, як марди 31-сола ба гумони эҷоди ҷароҳот қасдона ва ронандагии хатарнок боздошт шудааст.
Ҳодиса дар хиёбони «Де Монтфорт»-и шаҳри Лестер ва пас аз вуқӯи як даргирӣ дар ҳамон маҳал рух дода буд.
То кунун иттилоот ва ахбори бештаре дар ин иртибот расонаӣ нашудааст.
342/
Your Comment