Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҳаҷми таҷовузоти режими Исроил ҳар андоза ки бошад ва ҳар қадар ки ин таҷовузот такрор шавад, ҳаргиз таъсире бар мавзеи миллати Яман дар ҳимоят аз миллати азизи Фаластин нахоҳад гузошт.
Ба гузориши Порс-Тудей, Алҳусӣ бо ташреҳи амалиёти пуштибонии Яман аз Ғазза афзуд: Ин ҳафта мо бо 14 мушаку паҳпод дар умқи Фаластини ишғолӣ амалиёт анҷом додем. Амалиёти мо ин ҳафта аҳдофи душмани исроилиро дар Яффа, Ҳайфа, Асқалон ва Умми Рашшош дар Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор дод. Дарёи сурх ҳамчунон баставу дарёнавардӣ барои душмани исроилӣ ҳамчунон мамнуъ аст.
Яҳё Сареъ: Бо муваффақият фурудгоҳи Бен-Гурионро ҳадаф қарор додем
Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман бо таъйиди ҳамлаи мушакии ин кишвар ба фурудгоҳи Бен-Гурион дар Фаластини ишғолӣ, аз муваффақиятомез будани ин ҳамла хабар дод. Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, ки ҳамлаи мушакии ин кишвар миллионҳо саҳюнисти ишғолгарро водор ба фирор ба сӯи паноҳгоҳҳо кардаву фаъолиятҳои фурудгоҳи Бен-Гурионро мутаваққиф кардааст.
Мақоми аршади Ансоруллоҳ: Фурудгоҳи Бен-Гурион дигар амн нест
Насриддин Омир, муовини иттилоърасонии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар изҳороте эълом кард, ки фурудгоҳи Бен Гурион дигар амн нест ва амалиёти низомии Яман ба самти он ва соири аҳдоф идома хоҳад ёфт. Бар асоси эъломи Насриддин Омир, тамоми хутути ҳавоии хориҷӣ бояд барои амнияти худ ва мусофиронашон то замони таваққуфи таҷовуз ва лағви муҳосираи Ғазза аз фурудгоҳи Бен Гурион иҷтиноб кунанд.
Фирори раиси режими саҳюнистӣ ва хонаводааш аз варзишгоҳ пас аз ҳамлаи мушакии Яман
Рӯзномаи саҳюнистии “Удиот Аҳронот” дар гузорише хабар дод, ки Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ ва ҳамсараш пас аз ба садо даромадани ожири хатар ва ҳамлаи мушакии Яман дар ҷараёни мусобиқаи футбол байни ду тими исроилӣ, аз варзишгоҳ фирор карданд. Ин расонаи режими саҳюнистӣ дар ин гузориш афзуд, ки шиллики ин мушак аз Яман ба самти Фаластини ишғолӣ ва ба садо даромадани ожирҳои хатар дар манотиқи мухталифи арозии ишғолӣ боис шуд, ки панҷшанбешаб мусобиқаи футболе, ки дар чорчӯби мусобиқоти Ҷоми Исроил дар васати Фаластини ишғолӣ баргузор мешуд, мутаваққиф шавад.
342/
Your Comment