Элина Валтонен, вазири хориҷаи Финландия рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки Ҳелсинки хостори дарёфти тавзеҳот дар мавриди ҳодисаи ҷиддӣ ва шармовари тирандозии низомиёни исроилӣ ба самти дипломатҳои хориҷӣ аст.
Як ҳайати расмӣ муташаккил аз дипломатҳое аз ҳудуди 30 кишвар, аз ҷумла Финландия рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни боздид аз атрофи урдӯгоҳи Ҷанин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳадафи тирандозии низомиёни саҳюнист қарор гирифт.
Вазорати хориҷаи Португалия низ эълом кард, ки дар эътироз ба ин ҳамла, сафири Исроилро эҳзор кардааст.
Ҷопон ҳам ба иллати шиллики низомиёни саҳюнист ба самти ин ҳайати дипломатӣ, сафири режими саҳюнистӣ дар Токиоро эҳзор кард.
Бинобар эъломи Вазорати хориҷаи Ҷопон, ба сафири режими саҳюнистӣ иблоғ шуд, ки ин ҳодиса амиқан мояи таассуф аст ва набояд иттифоқ меафтод.
Анита Ананд, вазири хориҷаи Канада ҳам рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки барои ибрози нигаронии худ аз шиллики низомиёни режими саҳюнистӣ ба наздикии 4 дипломати канадаӣ, сафири ин режимро эҳзор мекунад.
Дар ҳамин росто, гузориш шудааст, ки Италия низ сафири Исроил дар Румро эҳзор карда то тавзеҳоте расмӣ ва дақиқ дар бораи ончӣ дар Ҷанин рух додааст, касб кунад.
Пеш аз ин дар рӯзи чаҳоршанбе ҳам Вазорати хориҷаи Уругвай бо эҳзори сафири Исроил аз вай хоста буд то тавзеҳоте равшан дар хусуси ин ҳодиса ироа диҳад.
Your Comment