Ба гузориши хабаргузории Абна, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар баёнияе амали низомиёни саҳюнистӣ дар тирпарронии мустақим ба сӯи дипломатҳои араб ва аврупоӣ ҳангоми боздидашон аз урдугоҳи паноҳандагони Ҷенин дар шимоли Каронаи Ғарбӣ маҳкум кард ва ин амалро нишонаи «гарданкашӣ ва истикбори режими ишғолгар» ва поймол кардани тамоми қонунҳои байналмилалӣ донист.
Ҳамос изҳор дошт: «Тадовуми ҳамлаҳои Исроил ба Ҷенин барои моҳи панҷуми пайдарпай, ҳамроҳ бо таҷовузоти мукаррар ба Тулкарм ва Ноблус, қисмате аз талоши ин режим барои иҷрои нақшаҳои ишғол, кӯчондани иҷбории фаластиниён ва тавсиаи шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ аст.»
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: «Бо вуҷуди шиддати ҷиноятҳои режими ишғолгар, ин режим дар таҳаққуқи аҳдофаш дар Каронаи Ғарбӣ, Ғазза ва дигар минтақаҳои Фаластин ноком хоҳад шуд; чаро ки истодагии мардум ва муқовимати қаҳрамонона монеъ аз таҳаққуқи ин нақшаҳо хоҳад шуд.»
Ин ҷунбиш дар поён хостори афзоиши фишорҳои байналмилалӣ барои тавқифи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин ва ба расмият шинохтани ҳаққи таъйини сарнавишти онҳо ва ташкили кишвари мустақили Фаластин бо пойтахти Қудс шуд.
342/
Your Comment