Ба гузориши хабаргузории Абна, Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза бо нашри як баёнияи ҷадид охирин омори шаҳидон ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябри соли гузаштаи милодӣ то кунунро эълон кард.
Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябри соли 2023 то ин лаҳза, 53 ҳазору 655 нафар ба шаҳодат расидаанд.
Ин ниҳоди пизишкии фаластинӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки шумораи умумии маҷрӯҳони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин борика ба 121 ҳазору 950 нафар расидааст.
Ин вазорат эълон кард, ки дар 24 соати гузашта низ ҷасади 82 шаҳид ба бемористон мунтақил шудааст. Дар ин муддат 262 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамчунин аз 18 марти 2025 ва дар мавҷи нави ҳамлаҳо ба Ғазза низ 3,509 нафар ба шаҳодат расида ва 9,909 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар низ дар Навори Ғазза мафқуд ё зери овор ҳастанд.
342/
Your Comment