Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар ин нишаст бо ишора ба лозимулиҷро шудани Мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 25 урдибиҳишти 1404 (15 майи 2025) гуфт: Масир барои тавсеаи ҳамкориҳо муҳайё шудааст.
Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон низ дар ин дидор гуфт, ҳадаф аз ин дидор, таъмиқи равобити тиҷориву иқтисодии Эрону Русия бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои бузурге аст, ки дар Эрон вуҷуд дорад.
Қадири Қиёфа, нойибраиси Ктоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон низ дар ин нишаст гуфт, ҳадафгузорӣ барои афзоиши мубодилоти тиҷории Эрону Русия ин аст, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Русия ба рақами 10 миллиард доллар дар 10 соли оянда бирасад.
Ин нишаст дар шароите баргузор шуд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ва 5 кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (EAEU) тавофуқ карданд, ҳудуди 87 дарсади колоҳои мубодилаӣ миёни Эрон ва 5 кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо таърифа (тарофа)-и сифр мубодила шавад.
Алии Аҳмадниё, раиси умури иттилоърасонии давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: «Бар асоси тавофуқи суратгирифта, ҳудуди 87 дарсади колоҳои мубодилаӣ миёни Эрон ва 5 кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (EAEU), шомили кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон аз рӯзи 25 урдибиҳишт (15 май) бо таърифаи сифр мубодила мешавад. Тибқи Мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрон ва ИИА, пешбинӣ мешавад, ҳаҷми тиҷорати дутарафа бо 5 кишвари узв ба ҳаддиақали 10 миллиард доллар бирасад».
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия, ангезаҳову аҳдофи муштараке барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва густариши тиҷорати дуҷониба доранд, ки дар абъоди минтақаӣ ва байналмилалӣ барои Теҳрон - Маскав дорои аҳамият аст ва паёмадҳои мусбату асаргузорӣ низ барои ду кишвар хоҳад дошт.
Эрону Русия аз ҷумлаи бузургтарин дорандагони манобеи нафту гази ҷаҳон ҳастанд ва ҳамкории онҳо метавонад дар заминаи тавлид, содирот ва фанновариҳои энержӣ муассир бошад. Ҳамоҳангӣ дар сиёсатҳои ОПЕК Плюс барои танзими бозори ҷаҳонии нафт ва сармоягузории муштарак дар пружаҳои газиву нафтӣ дар майдонҳои муштарак ва хутути лӯла метавонад заминаи муносибе барои ҳамкории Эрону Русия дар бахши энержӣ бошад.
Эрону Русия ҳамчунин бо густариши муносиботи дуҷониба ва афзоиши мубодилоти колову хадамот байни ду кишвар, метавонанд барои коҳиши вобастагӣ ба доллар ва истифода аз пулҳои миллӣ ё арзҳои ҷойгузин иқдом кунанд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва фанновариҳои эронӣ ба Русия ва воридоти колоҳои асосӣ, монанди ғаллот аз Русия аз ҷумлаи мазоёи густариши ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар хоҳад буд.
Густариши ҳамкорӣ дар созмонҳои иқтисодии минтақаӣ, монанди Созмони ҳамкории Шанхай (SCO) ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (EAEU) низ аз ҷумлаи аҳдофи муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрон ва Маскав хоҳад буд.
Истифода аз каридори Шимол - Ҷануб, Эрону Русияро ба Аврупо ва Ҳинд муттасил мекунад ва ҳазинаву замони ҳамлунақл байни ду кишварро коҳиш медиҳад. Тавсеаи банодири Эрон (мисли Чобаҳору Бандар-Аббос) барои афзоиши транзити колоҳои Русия ба кишварҳои ҷануби Осиё ва халиҷи Форс заминаи муносибе барои ҳамкориҳои транзитии байни ду кишвар хоҳад буд.
Тавсеаву густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, заминасози афзоиши ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятии ду кишвар низ хоҳад буд.
Ҳар ду кишвари Эрону Русия таҳти таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳастанд ва тақвияти равобити иқтисодӣ метавонад вобастагии онҳо ба Ғарбро коҳиш диҳад.
Эҷоди механизми мустақили молӣ байни ду кишвар, густариши ҳамкориҳо дар арсаи фанновариҳои навин, ҳамкориҳои илмиву донишгоҳӣ, тавсеаи гардишгарӣ низ аз ҷумлаи мавзӯоте аст, ки ангезаи мақомоти Теҳрону Маскавро барои суръат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба афзоиш медиҳад.
Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия ангезаҳои мутафовиту мутанаввеъе барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба доранд.
Дидори ҳайати фаъолони иқтисодии Эрон аз Русия, раванди идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро афзоиш хоҳад дод ва тавсеаи муносиботи Эрону Русия бар иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин АвруОсиё низ таъсиргузор хоҳад буд.
Your Comment