Ба гузориши хабаргузории Абна, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос изҳор дошт: Артиши ишғолгар бо шаҳид кардани панҷ хабарнигор дар Ғазза, ҷинояти ҷадиде алайҳи хабарнигорон содир кардааст.
Ҳамос илова кард: Артиши фашисти саҳюнистӣ дар идомаи озору азият ва куштори хабарнигорон дар Ғазза, ҷинояти ҷадидеро алайҳи хабарнигорони фаластинӣ содир кард; ба тавре ки дар як амалиёти ҳамзамон ва қасдона, панҷ хабарнигор, аз ҷумла Азиз Ал-Ҳаҷҷор, Нур Қандил, Абдулраҳмон Ал-Аббадла, Холиди Абу Сайф ва Аҳмадӣ Ал-Зайнатӣро ҳадаф қарор дод.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: Идомаи ҳадаф қарор додани хабарнигороне, ки таҳти ҳимояти қавонини байналмилалӣ ҳастанд, паёми таҳқиркунанда аз сӯи кобинаи фашисти саҳюнистӣ ба ҷаҳониён, Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳо ва қавонинро тасдиқ мекунад.
Ҳамос таъкид кард: Шарманда аст, ки ҷаҳон ҳамчунон аз муқобила бо ҷиноятҳои ҷангии бесобиқа, ки моҳҳост алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ рух медиҳад ва ба сурати зинда аз шабакаҳои телевизионӣ пахш мешавад, нотавон аст. Аз ҷумлаи ин ҷиноятҳо метавон ба ҳамлаҳои созмонёфта алайҳи хабарнигорон ба унвони муҷозот барои анҷоми вазифаҳои касбӣ ва ахлоқии онҳо ишора кард, ки дар ин муддат боиси шаҳодати 220 хабарнигор шудааст.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: Мо аз марказҳо ва ниҳодҳои расонаии байналмилалӣ ва хабарнигорони саросари ҷаҳон мехоҳем, ки бо хабарнигорони фаъол дар Навори Ғазза ҳамбастагӣ изҳор кунанд ва паёми онҳоро ба ҷаҳониён бирасонанд. Онҳо ҳамчунин бояд барои ошкор кардани амалҳои ишғолгарон ва талошҳои он барои пинҳон кардани ҳақиқати таҷовузоташ кӯшиш кунанд ва аҳдофи ҷинояти идомадори ин режим алайҳи хабарнигорони фаластиниро хунсо кунанд.
342/
Your Comment