20 Апрел 2025 - 20:22
Source: Parstoday
Нигоҳе ба достонпардозии сафири собиқи Исроил дар Амрико дар бораи музокирот ва барномаи ҳастаии Эрон

Michael Oren, сафири собиқи Исроил дар Амрико дар 18 апрели 2025 дар мақолае таҳти унвони «Пас аз ветои Трамп, бархӯрд бо Эрон барои Исроил печидатар шуд» дар сайти Ynetnews ба баёни нигарониҳои иддаоии режими саҳюнистӣ аз рӯйкарди давлати Трамп ба масаълаи ҳастаии Эрон пардохтааст.

Сафири собиқи Исроил дар Амрико дар ин мақола чанд иттилооти нодуруст матраҳ карда, ки дар ин матлаб аз Порс Тудей ба он пардохта мешавад.

1 - Ба навиштаи Oren: «Бо азсаргирии музокироти ҳастаии Амрико ва Эрон, Исроил бо чолишҳои ҷадиде рӯбарӯ аст ва бо канор гузоштани гузинаи низомӣ, Исроил бояд мустақиман бо Вашингтон музокира кунад, тазминҳои амниятӣ бигирад ва барои хатароти тавофуқи эҳтимолӣ, ки метавонад Эрону муттаҳидонашро тақвият кунад, омода шавад.»

Ба рағми инки режими саҳюнистӣ аз замони эъломи мавҷӯдияти номашрӯъаш дар майи 1948 ҳамвора ба оташафрӯзӣ дар минтақаи Ғарби Осиё пардохта ва ҷангҳои мутааддидеро ба роҳ андохта ва акнӯн низ дар ҳафдаҳумин моҳи ҷанги Ғазза ҳамчунон ба куштори мардуми мазлӯми ин минтақа ба хусӯси занону кӯдакон идома медиҳад, аммо бо ҳимоятҳои густардаи Ғарб ба хусӯси Амрико дар чанд даҳаи гузашта талоши зиёде карда то Эронро масъӯли нооромӣ ва бесуботӣ дар минтақа муаррифӣ карда ва дар айни ҳол, Теҳронро ҳомии терроризм ҷилва диҳад. Дар ҳоле, ки Эрон борҳо эълом карда, ки дар ростои усӯли сиёсати хориҷии худу ҳимоят аз ҷунбишҳои озодибахш ба пуштибонӣ аз гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва ҷунбишҳои минтақаӣ, монанди ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнону ҷунбиши Ансоруллоҳи Яману Ҳашду-Шаъбӣ дар Ироқ пардохтааст. Амрико низ дар чорчӯби падидаи Эронҳаросӣ дар ростои манофеи худ дар Ғарби Осиё талоши худро маътӯф ба тарсими чеҳрае таҳдидофарин аз ҷониби Эрон кардааст то бад-ин тартиб давлатҳои минтақаро рӯёрӯии Эрон қарор дода ва фурушҳои таслеҳотии худро афзоиш диҳад.

2 - Нависандаи мақола бо тарҳи ин савол, ки «Исроил акнӯн чӣ коре метавонад анҷом диҳад, дар ҳоле, ки гузинаи низомии он баназар мерасад қатъан аз мизи музокира хориҷ шудааст? Таъкид карда, ки Исроил бояд барои бадтарин сенария омода шавад: Тавофуқе, ки Эронро тақвият мекунад бидуни онки ҳатто як сентрифугаро ғайрифаъол кунад. Чунин тавофуқе метавонад ба Эрон иҷоза диҳад то Ҳамосу Ҳизбуллоҳро бозсозӣ кунад.» Амрико ҳамросто бо Исроил солҳост иттиҳоми вуҷӯди барномаи ҳастаии низомӣ дар Эронро ба рағми ироаи ҳеҷ гуна шавоҳиду мадорике ба Эрон ворид карда ва ба ин баҳона иқдомоти сиёсӣ ва таҳримии густардаеро алайҳи Эрон ба иҷро даровардааст. Ҳарчанд, ки дар таноқузе ошкор дар мавзегириҳои Амрико дар ин замина ҷомеъаи иттилоотии Амрико бар хилофи иттиҳомоти мукаррари Доналд Трамп, раисҷумҳур ва соири мақомоти аршади амрикоӣ дар гузориши ахири худ изъон карда, ки Эрон дар ҳоли сохти силоҳи ҳастаӣ нест. Tulsi Gabbard, мудири иттилооти миллии Амрико дар тозатарин гузориши худ дар мавриди Эрон, ки дар 25 марти 2025 мунташир шуд эълом кард: «Ҷомеъаи иттилоотии Амрико ҳамчунон муътақиданд, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ намесозад ва раҳбари олии Эрон муҷаввизи барномаи таслеҳоти ҳастаиро, ки дар соли 2003 ба ҳолати таълиқ дароварда буд, надодааст».

Талоши Исроил ҳамвора маътӯф ба ташвиқи Амрико ба истифода аз гузинаи низомӣ алайҳи Эрон будааст. Нашрияи Ню-Йорк Таймс рӯзи чаҳоршанбе гузориш кард, ки Трамп ҳамлаи барномарезӣ шудаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро мутаваққиф кард то ба ҷои барои маҳдӯд кардани барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ аз масири музокира иқдом кунад. Тибқи ин гузориш, ин ҳамла барои моҳи майи 2025 барномарезӣ шуда ва қарор буд, дастикам як ҳафта идома дошта бошад.

 3 - Нависандаи мақола «бо нигаронӣ аз тавофуқи эҳтимолии Эрону Амрико дар ҷараёни музокироти ғайримустақим муддаӣ аст, ки як тавофуқи заъиф метавонад, заъфи Амрико дар Ховари Миёнаро барҷаста кунаду мавқеъияти Русия ва Чинро тақвият намояд. Бархилофи гузашта, Исроил наметавонад рӯи мухолифати Конгресс бо тавофуқи ҷадид ҳисоб кунад. Демократҳо низ аз ҳар тавофуқе шабиҳ ба тавофуқи 2015 Обама ҳимоят мекунанду Ҷумҳурихоҳон низ мухолифи Трамп нахоҳанд буд.» Лизо вай таъкид карда, ки Исроил бояд ҳушдор диҳад, ки чунин тавофуқе мумкин аст мунҷар ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ тавассути Эрон пас аз инқизоӣ тавофуқ шавад. Вай бо матраҳ кардани дархосте аҷиб хоҳони он шуда то Исроил бо Кохи Сафед гуфтугуи наздике дошта бошад то тазминҳои амниятии оҳанин дарёфт кунад. Ин шомили дастрасӣ ба бомбафканҳои стротежӣ ва омӯзиши хадама барои истифода аз онҳо мешавад. Бад-ин тартиб Тел Авив қасд дорад то аз мавқеъияти ҷадиди ҳаддиаксари суиистифодаро сӯрат дода ва таслеҳоти стротежӣ аз Амрико дарёфт кунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha