7 Апрел 2025 - 00:04
Source: Parstoday
Ҷаҳоне бидуни барандаи тиҷорӣ; Трамп паёмовари рукуди иқтисодӣ

Нахуствазири Англия бо интиқод аз эъмоли тарофаҳои сангини Амрико алайҳи колоҳои воридотӣ аз кишварҳои мухталиф ба Иёлоти муттаҳида гуфт, ки ҳеҷ кас барандаи як ҷанги тиҷорӣ нахоҳад буд.

Раисиҷумҳури Амрико, тарофаи ҷаҳонии 10 дарсадии «поя»-ро бар ҳамаи колоҳои воридотӣ ба Иёлоти муттаҳида, дар рӯзе, ки «Рӯзи озодӣ» (дувуми апрели 2025) номида мешавад, эълом кард. Трамп ҳамчунин аз тарофаи 10 дарсадӣ бар колоҳои англисӣ ва 20 дарсадӣ бар колоҳои Иттиҳодияи Аврупо дар як бурҳаи хоси таърихӣ барои тиҷорати ҷаҳонӣ рӯнамоӣ кард. Бар ин асос, Иёлоти муттаҳидаи Амрико бархе аз кишварҳоро бо тарофаҳои бисёр шадидтаре то 50 дарсад, ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ба гузориши Порс Тудей ва ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Keir Starmer, нахуствазири Англия рӯзи якшанбе дар вокуниш ба эъмоли тарофаҳои сангини Трамп бар вуруди колоҳои воридотӣ ба Амрико гуфт: Ҳеҷ кас барандаи як ҷанги тиҷорӣ нахоҳад буд ва ҷаҳоне, ки мешинохтем ба поён расидааст. Акнӯн дар ҳоли омодагӣ барои ояндае ношинохта ҳастем. Вай ҳушдор дод, ки паёмадҳои ношӣ аз тарофаҳои гумрукӣ метавонад барои Англия ва ҷаҳон бисёр сангин бошад ва тамомии гузинаҳо барои муқобила бо ин буҳрон рӯи миз аст.

Трамп паёмовари рукуди иқтисодӣ

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи англисии «Гордиян», сиёсатҳои тарофаии раисиҷумҳури Амрикоро омили густариши рукӯд дар Амрико ва афзоиши фақр дар ҷаҳон донист. Гордиян рӯзи шанбе навишт: Рӯзе, ки Трамп онро рӯзи озодии иқтисодӣ номида, рӯзи рукуд дар Амрико ва ранҷ барои мардуми ҷаҳон хоҳад буд.

Худкомагони норозӣ аз қудрат

Аз сӯи дигар, Максвелл Фрост, намояндаи Ҳизби демократ аз Флорида рӯзи шанбе гуфт: «Худкомагон дар тӯли таърих, ҳаргиз аз қудрате, ки доранд розӣ нестанд. Қонӯнро зери по мегузоранду баъд мунтазири вокуниши мардум мемонанд; оё мардум сокитанд ё фарёд мезананд?»

Ғалабаи Венесуэла бар ҷанги тиҷории Трамп

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Меҳр, Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла низ дар иртибот бо тарофаҳои гумрукии вазъ шуда бар кишвараш аз сӯи Амрико гуфт: Каракас бар мушкилоти ҷанги тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба тамоми ҷаҳон эълом кардааст, ғалаба хоҳад кард.

Амрико ноқизи қавонини Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ

Lin Jian, сухангӯии вазорати умури хориҷаи Чин ҳам рӯзи шанбе дар вокуниш ба эъломи тарофаҳои мутақобили тавассути Амрико гуфт: Амрико ба баҳонаи барқарории рафтори мутақобил, тарофаҳои воридот аз бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Чинро афзоиш додааст. Вай афзуд, ин иқдом ба шиддат қавонини Созмони тиҷорати ҷаҳониро нақз мекунад ва низоми тиҷорати чандҷониба мубтанӣ бар қавоидро тазъиф менамояд. Чин ба шиддат бо ин иқдом мухолиф аст ва барои дифо аз ҳуқуқу манофеи машрӯъи худ тамоми иқдомоти лозимро ба амал хоҳад овард.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha