Ба гузориши Порстудей, пас аз онки Чин ба хотири таърифаҳои Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико дар иқдоми ҷавобӣ барои воридоти колоҳои амрикоӣ таърифа ҷорӣ кард, бозори саҳоми Амрико рӯзи гузашта бо рушди манфии бештаре рубару шуд ва ба поинтарин сатҳи худ дар як рӯз расид.
Пизишкиён: Дар болотарин сатҳи тавонмандии дифоъӣ ҳастем
Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон оли Саъуд-валиаҳди Арабистони саудӣ гуфт: Бо ҳеҷ кишваре сари ҷанг надорем, аммо дар дифоъ аз худ низ ҳеҷ тардиде надорем ва омодагӣ ва тавонмандии мо дар ин замина дар болотарин сатҳ аст.
Кӯдакон, қурбониёни аслии ҷанги Ғазза
Сухангӯи Ожонси имдод ва корёбии Созмони Милал барои оворагони Фаластин дар тозатарин изҳороти худ дар бораи вазъияти инсонӣ дар борикаи Ғазза эълом кард: 51 дарсад аз ҷамъияти Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ин мақом ҳушдор дод, ки кӯдакон бештарин қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ҳастанд.
Омодагии Иттиҳодияи Аврупо барои дифоъ аз манофеъ дар баробари Амрико
Морваш Шавчууич-комиссари тиҷории Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи гузашта таърифаҳои Амрикоро «мухарриб ва тавҷеҳнопазир» хонд ва гуфт: Ин иттиҳодия барои дифоъ аз манофеъи худ омодааст. Вай афзуд: Равобити тиҷории Иттиҳодия Аврупо ва Амрико ба рӯйкарди тоза ниёз дорад.
Суистифодаи Натанёҳу аз Хадамоти амнияти дохилии режими саҳюнистӣ
Ронен Бар, раиси Хадамоти амнияти дохилии режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа расман эълом кард, ки нахуствазири ин режим талош кардааст то бо суиистифода аз ШАБАК дар додгоҳ барои шаҳодат ҳозир нашавад. Вай гуфт: Натанёҳу аз ман хост, ки гузориши амниятиро ироа кунам, ки бар асоси он, бар асоси шароити амниятӣ ҳузури пайвастаи ӯро дар ҷаласаҳои муҳокима мумкин нест ва ШАБАК чунин иҷозаеро намедиҳад.
Ҳимояти фармондеҳони артиши Покистон аз миллати Фаластин
Фармондеҳони артиши Покистон рӯзи гузашта дар нишасте бо маҳкумияти идомаи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил ва поймолсозии ҳуқуқи инсон дар Ғазза бар идомаи ҳимояти Покистон аз миллати Фаластин таъкид карданд.
Тазоҳуроти ҳазорон мағрибӣ дар маҳкумияти кӯчондани аҳолии Ғазза
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Мағриб(Марокаш) пас аз баргузории намози ҷумъа бо тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, тарҳи режими саҳюнистӣ барои овора кардан ва кӯчондани фаластиниҳо аз борикаи Ғаззаро ба шиддат маҳкум карданд.
Ҳамлаи пҳподии Ансоруллоҳи Яман ба Ёфо дар сарзаминҳои ишғолӣ
Яҳё Сареъ-сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман шомгоҳи гузашта аз ҳамлаи паҳподии Ансоруллоҳ ба Ёфо ва сарнагунии паҳподи душман дар устони Саъда, дар шимоли Яман хабар дод.
342/
Your Comment