7 Апрел 2025 - 00:01
Source: Parstoday
46 сол Эронро таҳрим кардед, акнӯн пирӯзи майдон кист? | Вокуниши корбарони «Х» ба таҳримҳои Вашингтон

Эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон вокунишҳои зиёдеро дар миёни корбарони эронӣ ба дунбол доштааст.

Давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ростои эъмоли сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тозагӣ таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол кард.

Ба гузориши Порс Тудей, корбарони эронӣ дар шабакаи иҷтимоии «Х» ин таҳримҳоро ба абзоре барои сангандозии Амрико бар сари роҳи пешрафти Эрон донистаанд ва муътақиданд, эрониён тавонистаанд ба хубӣ дар муқобили ин таҳримҳо биистанд.

Дар ҳамин робита як корбари эронӣ ба номи Амонпур дар «Х» навиштааст:

«Эронҳаросӣ ва ҷангафрӯзӣ наметавонад аз иродаи миллии мо кам кунад. Аз таҳриму таҳдид ҳеҷ чиз ҷуз ифтироқ ва заъф ба даст намеояд. Мо бо ифтихор масири худро хоҳем паймуд».

Райҳонаи Содот низ бонуи эронӣ дар «Х» гуфтааст: «Ҳатто васати таҳрим, Эрон қатор сохт, сад зад, воксан тавлид кард. Ин яъне мудирияти ҷиҳодӣ, яъне ғайрати муҳандисӣ.»

Ёси Фотимӣ ҳам муқовимати Эронро дар муқобили таҳримҳо бозтоби амалии иқтидори ин кишвар дониста ва навишт: «Танҳо кишваре, ки бо вуҷӯди солҳо таҳрим, таҳдиду фишор, ҳамчунон побарҷосту масири тавсеаи илмӣ, низомӣ ва дипломатии худро идома медиҳад, Эрон аст. Ин муқовимат, тарҷумаи амалии иқтидор аст, на инзиво.»

Самиро Ҳомидзода, дигар корбари эронии шабакаи Х низ муътақид аст: «Таҳрими як кишвар, яъне тарс аз нуфузаш. Агар Эрон мунзавӣ буд, ин ҳама ҳазина барои маҳораш лозим набуд. Инзиво барои Эрон қиссае аст, воқеият, таъсиргузории Эрон аст.»

Ново ҳам ном як корбари дигар эронӣ аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эронро илҳомбахши дигар миллатҳо медонад ва таъкид кардааст: « таҳрим, ҷанги нарм, террори шахсиятҳо . . . Ҳама барои маҳори Эрон буд. Аммо имрӯз, Эрон илҳомбахши миллатҳост; аз Бағдод то Димишқу Санъо. Ин қудрат, бархеста аз имон ба ваъдаи илоҳӣ аст.»

Рамазонӣ, корбари дигари эронӣ низ дар Х навишт: «Кишварҳои ғарбӣ тамоми муддати 46 соли гузашта дар ҳоли мушкилтарошии иқтисодӣ барои Эрон будаанд. Онҳо аввали инқилоб, ки бо муҳосираи иқтисодӣ шурӯ карданд, як замоне дунболи маҳори Эрон буданд, алон ҳам, ки сиёсати таҳримро дар пеш гирифтаанд. Аммо эронӣ аз ин хон ҳам ба кумаки Худо убӯр хоҳад кард».

Шодӣ Тафаккурӣ ҳам аз истиқлоли эрониҳо гуфта ва навиштааст: «Эрон танҳо кишваре аст, ки бидуни вобастагӣ ба Шарқу Ғарб, тавониста сохтори таҳримро ба чолиш бикашад ва дар муъодилоти байналмилалӣ боқӣ бимонад. Ба ин мегӯянд, истиқлол!»

Амир дигари корбари форсизабони эронӣ ҳам эрониёнро ба масобаи қуқнӯс(феникс)-и афсонаӣ медонад ва муътақид аст: « Эрон фақат як кишвар нест, Эрон дежи ғайрат аст дар тӯфони таҳриму таҳдид. Мо миллате ҳастем, ки аз дили хокистар, қуқнӯс бармехезонем.»

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha