Ли Сонг, намояндаи доимии Чин дар Ожонси Байналмилалии Энержии атомӣ, рӯзи ҷумъа дар нишасти семоҳаи Шӯрои мудирони Ожонси ҳастаӣ бо ишора ба қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки БАРҶОМ-ро тасвиб мекунад, ҳушдор дод: “То замони иҷрои ин тавофуқ ҳамагӣ камтар аз ҳашт моҳи дигар боқӣ мондааст. Ин як равзанаи муҳим барои ҳалли дипломатии масъала аст. Эрон борҳо ба сулҳомезии барномаи ҳастаӣ худ таъкид карда ва омодагии худро барои аз сар гирифтани музокира ва ҳамкорӣ бо Ожонси Байналмилалии Энержии атомӣ эълом кардааст.
Намояндаи Чин дар Ожонси энержии атомӣ ҳамчунин таъкид кард: "Мо таъкид мекунем, ки Амрико ба унвони омили аслии тахриби БАРҶОМ бояд ҳарчӣ зудтар иқдомоти амалӣ биандешад, ба талошҳои дипломатии байналмилалӣ баргардад ва бо Эрон вориди гуфтугӯ шавад."
Аввалин қатораи контейнерии Чин ба Аврупо аз масири Эрон оғоз мекунад
Роҳҳои оҳани Қазоқистон аз оғози ҳамкорӣ бо Ширкати нақлиёти контейнерии Чин барои роҳандозии як хидмати нави интиқоли контейнерӣ аз Чин ба Аврупо эълон кард ва эълом кард: "Сафари аввалин қатораи контейнерии Чин ба зудӣ аз Ченгдуи Чин оғоз мешавад, ки тавассути шабакаи роҳи оҳани Қазоқистон ба Лодзи Лаҳистон мегузарад." Қарор аст, қатора тавассути убури Қазоқистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия ба Лаҳистон мерасад.
Дигар хабарҳо:
- Даъват барои даври ҷадиди барномаи "Мубодилаи донишмандони ҷавони Эрону Чин" дар моҳи январи соли 2025 эълом шуда буд, ки дар ҷараёни он 53 фурсат муъаррифӣ шудааст.
-Тсукада Тамакӣ, сафири Ҷопон дар Теҳрон рӯзи 8 март эъмоли таҳримҳо зидди Эронро ноодилона хонду гуфт: Ҷаҳон ба сиёсатҳои Трамп шубҳа дорад.
-Пас аз он ки Канада ба мошинҳои барқии сохти Чин ва маҳсулоти пӯлоду алюминий боҷ ҷорӣ кард, Пекин рӯзи шанбе дар посух ба бархе аз колоҳои кишоварзии Оттава боҷҳои ҷавобӣ ҷорӣ кард.
-Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе як киштии зериобии атомиро муаррифӣ кард.
342/
Your Comment