12 Март 2025 - 19:23
Source: Parstoday
Чин бо ҳимоят аз мавозеи кишварҳои исломӣ: Ғазза бахше ҷудоинопазир аз хоки Фаластин аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки Пекин дар мавриди масъалаи Фаластин ба таври мудовим аз нигарониҳои машруъ ва мавозеи одилонаи кишварҳои исломиву арабӣ ҳимоят мекунад.

Мао Нинг, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ҳукумат дар Ғазза пас аз ҷанг бояд бар рӯи асли «фаластиниҳо бар Фаластин ҳукумат кунанд» пойбанд бошад.

Мао бо эъломи ҳимоят аз мавозеи кишварҳои исломӣ дар бораи Ғазза гуфт, Чин ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ барои кумак ба ин талош идома хоҳад дод.

Дар ҳамин замина, Лин Ҷян, сухангӯи дигари Вазорати умури хориҷаи Чин дар бораи тарҳи Трамп барои кӯчондани мардуми Ғазза ба кишварҳои дигар ба баҳонаи бозсозии он гуфт, ки Пекин бо ҳар гуна интиқоли иҷбории мардуми борикаи Ғазза мухолиф аст.

Ғаззаи мутааллиқ ба мардуми Фаластин аст

Ванг Йи, узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии ҳизби кумунист ва вазири хориҷаи Чин ҳам рӯзи ҷумъа дар конфронси матбуотии нишасти солонаи Маҷлиси миллии намояндагони халқи Чин гуфт: Ғазза мутааллиқ ба мардуми Фаластин ва бахше ҷудоинопазир аз хоки Фаластин аст. Ҳар амалиёте барои тағйири иҷбории мавқеияти Ғазза нооромӣ ва ошуфтагиҳои ҷадидро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Ванг Йи бо баёни инки масъалаи Фаластин ҳамвора ҳастаи аслии масъалаи Ғарби Осиё будааст, изҳор кард: Чин қотеона аз дастёбии мардуми Ғарби Осиё ба адолат, сулҳ ва тавсеа ҳимоят мекунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha