7 Май 2025 - 21:11
Source: ABNA
Нерӯҳои муқовимат “дарҳои ҷаҳаннам”-ро ба рӯи низомиёни исроилӣ боз карданд

Муқовимати Фаластин эълон кард, ки дар чаҳорчӯби амалиёти “Дарҳои Ҷаҳаннам” низомиёни режими саҳюнистиро дар Ғазза ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маядин, гардонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, эълон кард, ки дар чаҳорчӯби амалиёти “Абвоб ал-Ҷаҳим” (Дарҳои Ҷаҳаннам) як гурӯҳи 10-нафараи низомиёни пиёданизоми режими саҳюнистӣ дар минтақаи чорроҳаи Ал-Машрӯъ дар шарқи Рафаҳ (ҷануби Навори Ғазза) ба доми аз пеш омодашуда кашида шуда, бо вуруди низомиёни ишғолгар ба маҳалли дом, чандин бомба мунфаҷир карда шудааст, ки дар ин амалиёт теъдоди зиёде аз низомиёни ишғолгар кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи Қассом, чархболҳои низомии душман барои интиқоли талафот ба маҳал фиристода шуданд ва даргириҳо ҳамчунон идома дорад.

Дар амалиёти дигаре, муҷоҳидони Қассом тавонистанд нерӯҳои режими саҳюнистиро, ки дар яке аз хонаҳо наздик ба чорроҳаи Ал-Машрӯъ сенгар гирифта буданд, бо ду мушаки зидди зиреҳи TBG ҳадаф қарор диҳанд, ки дар натиҷа, теъдоди онҳо кушта ва захмӣ шуданд. Сипас нерӯҳои муқовимат бо пешравии то фосилаи наздик, бо силоҳҳои сабук боқимондаи нерӯҳои душманро низ аз по дароварданд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои режими саҳюнистӣ аз вуқӯъи ду ҳодисаи амниятии хатарнок барои нерӯҳои ишғолгари артиши режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза хабар доданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар яке аз ин амалиётҳо чаҳор нафар аз нерӯҳои типи Гуланӣ захмӣ шуданд, ки вазъи яке аз онҳо вахим аст. Ҳодисаи дуюм низ дар ҷануби Навори Ғазза рух додааст. Расонаҳои саҳюнистӣ ин ҳодисаро бисёр сахт тавсиф карданд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз табодули шадиди оташ миёни нерӯҳои муқовимат ва низомиёни исроилӣ дар ҷануби Навори Ғазза хабар доданд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha