Абдулмалик Ал Ҳавсӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, чаҳоршанбешаб эълом кард, ки мамнуияти убӯри киштиҳои исроилӣ аз Дарёи Сурх, Тангаи Бобулмандаб, Халиҷи Адан ва Дарёи Араб иҷроӣ шуда ва ҳар киштии режими саҳюнистӣ, ки дар ин минтақа тараддуд кунад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.
Ба гузориши Порс Тудей, Ал Ҳавсӣ бо таъкид бар инки ин иқдом посухе зарурӣ ба идомаи муҳосира ва гуруснагӣ додан ба мардуми Фаластин дар Борикаи Ғазза аст, афзуд, режими саҳюнистӣ бо ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ва бастани гузаргоҳҳо қасд дорад мардуми Ғаззаро таҳти фишори бештаре қарор диҳад, ки ин як ҷинояти ҷангӣ маҳсӯб мешавад.
Вай ҳамчунин бо интиқод аз мавозеъи кишварҳои арабӣ дар қиболи таҳаввулоти Фаластин ва бо баёни инки ҳуккоми араб бо Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамдаст ҳастанду монеъ аз ҳар иқдоме барои хизмат ба Фаластин мешаванд, гуфт, ки «сукуту инфеъоли кишварҳои арабӣ дар баробари ҷиноёти режими Исроил, гуноҳе бузургу нишонаи фирор аз масъулият аст.»
Ал Ҳавсӣ бо ишора ба инки баёнияҳои сарони араб, танҳо дар ҳадди маҳкӯмияти лафзӣ аст ва ҳеҷ иқдоми амалӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ё дипломатӣ алайҳи режими саҳюнистӣ сӯрат нагирифтааст, ҳамчунин фош кард, ки бархе кишварҳои арабӣ масирҳои заминӣ барои давр задани муҳосираи Яман алайҳи режими Исроил боз кардаанд ва ин мавзӯ ҳатто дар гузоришҳои Бонки Ҷаҳонӣ низ мунъакис шудааст.
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идома бо ишора ба нақши Амрико дар ҳимоят аз Исроилу таъкид бар инки давлати Ҷо Байден ҳатто аз давлати Доналд Трамп дар ҳимоят аз ҷиноёти Тел Авив ҷилавтар рафтааст, гуфт, ки ҳадаф қарор додани киштиронии исроилӣ танҳо оғози роҳ аст ва дар сӯрати идомаи муҳосираи Ғазза, Ансоруллоҳ иқдомоти шадидтареро дар пеш хоҳад гирифт.
Абдулмалик Ал Ҳавсӣ дар поён таъкид кард, ки тамоми гузинаҳои амалӣ барои муқобила бо режими саҳюнистӣ рӯи миз аст ва ҳар гуна таваққуфи иқдомоти Тел Авив алайҳи фаластиниён, танҳо дар сӯрати вуҷӯди вокунишҳои қавӣ ва боздоранда мумкин хоҳад буд.
342/
Your Comment