« Эммануэл Макрон » , рӯзи чаҳоршанбе гуфт : варои Украина , таҳдиди Русия , воқеӣ аст ва кишварҳои аврупоиро таҳти таъсир қарор медиҳад . Ба гузориши Порс тудей , « Эммануэл Макрон » , раиси ҷумҳӯри Фаронса , зимни ҳушдор дар бораи эҳтимоли салби ҳимояти Амрико аз Аврупо бо ин иддао ки таҳоҷуми Русия « бидӯни марз » аст гуфт : Порис барои густариши чатри ҳастаии худ ба шарикони аврупоӣ омодагӣ дорад .
Медведов : Макрон то пеш аз соли 2027 нопадид хоҳад шуд
Дар ҳамин робита , « Дмитри Медведов » муовини Шӯрои амнияти миллии Русия , рӯзи панҷшанбе , дар шабакаи иҷтимоии Экс навишт : Аммо Макрон таҳдиди бузургӣ нест . Ӯ то пеш аз 14 май 2027 барои ҳамеша нопадид хоҳад шуд ва касе барои ӯ дилаш танг намешавад .
Англису Фаронса дар садади ниҳоӣ кардани тарҳи сулҳи Украина
Дипломатҳои аврупоӣ эълом карданд ки Англису Фаронса қасд доранд дар чанд рӯзи оянда тарҳи сулҳи Украинаро ниҳоӣ карда ва ба Амрико ироа диҳанд . Хабаргузории Ройтерс чаҳоршанбе шаб ба нақл аз як дипломати аршади аврупоӣ ки номашро фош накард , навишт : Мо дар пайи ниҳоӣ кардани ин тарҳ дар рӯзҳои оянда ҳастем . Як дипломати аврупоии дигар ки ном ӯ мунташир нашудааст , гуфт ки бар асоси ин тарҳ ҳамаи масоил аз ҷумла барқарории як гуфтугўи солимтар миёни Вашингтон ва Киев барномарезӣ мешавад .
Захарова : Зеленский таҳти фишори Ландан ва Вашингтон буд
Аз сӯйи дигар , « Мария Захарова » сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия , рӯзи чаҳоршанбе гуфт : Ҳамакнӯн ҳеҷ музокираи мушаххасӣ бо Украина вуҷӯд надорад . Ба гуфта вай ин « Владимир Зеленский , раиси ҷумҳӯри Украина буд ки дар соли 2022 милодӣ таҳти фишори Англису Амрико , бо вазъи қонӯне ,Киевро аз анҷоми музокирот манъ кард .
Коршиноси сиёсӣ : Рафтори аврупоеҳо аз рӯй тарс аст
Дар ҳамин ҳол , « Имод Обшинос » коршиноси сиёсӣ дар ҳафта ахир гуфт ки рафтори сиёсатмадорони аврупоӣ беш аз ин ки аз рӯй ақлоният ва мантиқ бошад аз рӯй ваҳшат аст ва тасаввур мекунанд Амрико ва Русия дар мавриди онҳо муомила мекунанд . Вай афзӯд : Муътақидам агарчӣ шароити сулҳро барои ҷанги Украина , Доналд Трамп , раиси ҷумҳӯри Амрико матраҳ карда аммо шояд беҳтар бошад аврупоиҳо бо Русия таъомул кунанд дар ғайри ин сӯрат зарбаи сангинӣ аз назари иқтисодӣ хоҳанд хӯрд .
342/
Your Comment