7 Март 2025 - 22:38
Source: Parstoday
Хабари ҷадид аз густариши равобити гумрукии Эрону Инданезия

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо тақозои як фаврияти лоиҳаи мувофиқатномаи ҳамкории гумрукии байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Инданезия мувофиқат карданд .

Дар нишасит алании рӯзи чаҳоршанбеи намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон , тақозои як фаврият дар мавриди лоиҳаи мувофиқатномаи ҳамкории гумрукии байни Ҷумҳурии Исломии Эрону Индонезия баррасӣ шуд . Ба гузориши Порс тудей, дар ин ҷаласа 202 намояндаи мувофиқ аз маҷмӯи 239 намояндаи ҳозир дар ҷаласа , ба ин лоиҳаи рай мусбат доданд .

Дар ҳамин робита , « Фарҳоди Баширӣ » яке аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар дифо аз ин лоиҳа , мувофиқатномаи ҳамкории гумрукии байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Инданезияро муҳим донист .

«Баширӣ » афзӯд : Таъомулоти иқтисодӣ бо кишварҳои мусулмон монанди Инданезия натанҳо ба тақвияти равобити иқтисодӣ кумак мекунад балки метавонад ба унвони як каридури муҳим дар тавсеаи муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ амал кунад .

Густариши ҳамкориҳои гумрукии миёни Эрону Инданезия дар ҳолеаст, ки ба тозагӣ ,  вазири умӯри хориҷаи Инданезия дар дидор бо « Сайидаббоси Ироқчӣ » вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон , бо таъкид бар аҳамияти равобити кишвараш бо Теҳрон , дар бораи густариши муносибот дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқаи тарафайн эъломи омодагӣ кард .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha