22 Июн 2024 - 18:26
Сафири Арабистон дар Лондон: Оддисозии равобит бо режими Исроил «бисёр аз эҳтимол дур » аст

Сафири Арабистони саудӣ дар Лондон гуфт: Оддисозии равобити Риёзу Тел-Авив ба қимати аз даст додани ҳуқуқи мардуми Фаластин анҷом нахоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Холид ибни Бандар-сафири Арабистон дар Лондон дар як конфронси хабарӣ гуфт: Бидуни ташкили кишвари мустақили Фаластин ва роҳиҳале барои аз байн бурдани даргирӣ, оддисозии равобит аҳамият надорад.

 Сафири Арабистон дар Лондон афзуд: Арабистон кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад ва ин мавзӯъ иртиботе бо ташкили кишвари Фаластин надорад, зеро мӯътақидем, ки кишвари Фаластин аз қабл вуҷуд доштааст ва мо ба думболи ҳамфикрии байналмилалӣ дар мавриди он ҳастем.

Холид ибни Бандар ҳушдор дод, ки ҳама бояд дарк кунанд, ки хатари даргирӣ дар минтақа боқӣ намемонад, балки ба суръат байналмилалӣ хоҳад шуд.

 Изҳороти сафири Арабистон дар Лондон дар ҳоле баён шуд, ки Амрико ба думболи дастёбӣ ба як тавофуқи густурда барои расидан ба истилоҳ сулҳ дар минтақаи ғарби Осиё устувор бар оддисозии равобити байни Арабистон ва режими саҳюнистӣ аст.

 Пештар низ Арабистон яке аз шартҳои худ барои пешбурди мавзӯъи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро эҷоди масири равшан барои роҳи ҳали ниҳоии масъалаи Фаластин, ки бар асоси он кишвари мустақили фаластинӣ бар асоси марзҳои соли 1967 ба пойтахтии Қудси шариф ташкил шавад, эълом кардааст.

342/