24 Декабр 2024 - 21:07
Аз бозӣ барои НАТО то бозӣ бо оташ; таҳлиле бар рафторҳои Туркия дар Сурия

Ба гузориши нашрияи «Foreign Policy», давлати Туркия бо ҳимояти тамомайёр аз муъоризони мусаллаҳ дар Сурия, худро дар мавқеъияте қарор дода, ки аз тавоноиҳои ин кишвар фаротар аст, мавқеъияте, ки мумкин аст ба ташдиди танишҳои минтақаӣ ва даргирӣ миёни Туркия ва Амрико мунҷар шавад.

Бисёре нозирон муътақиданд, ки Туркия муҳраи ошкори Амрико ва НАТО дар таҳаввулоти Сурия аст. Дар ин миён бархе низ бо пазируфтани ин назар таъкид доранд, ки Туркия дар канори ин амр як иқдомоти худсарона низ дорад. Дар ҳамин заминаи нашрияи «Foreign Policy» дар гузорише ба қалами Sinan Ciddi, пажӯҳишгари аршади масоили Туркия дар Андешкадаи «Бунёди дифо аз демократиҳо» бо ишора ба ҳимояти давлати Туркия аз муъоризони мусаллаҳ, ки бо саркардагии гурӯҳаки террористӣ «Ҳайат Таҳрир аш Шом» бар Сурия мусаллат шуданд, тасреҳ кард: Иқдомоти Туркия нишондиҳандаи эътимод ба нафаси беш аз ҳадди мақомоти ин кишвар буда ва мумкин аст, хатари бесуботии музоъаф дар минтақаро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИСНА, Sinan Ciddi дар ин гузориш бо ишора ба пешрафти сареъи таҳаввулот, гуфт, ки ба назар мерасад Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ба дунболи тасаллут бар ояндаи сиёсии Сурия аст.

Ин таҳлилгар ҳамчунин дар матлабе, ки ба тозагӣ дар пойгоҳи таҳлилии «1945» мустақар дар Амрико мунташир шуда, мегуяд, ҳатто иборати «бозӣ бо оташ» ҳам барои тавсифи иқдомоти Эрдуғон дар Сурия кофӣ нест ва ин иқдомот бояд давлати ҷадиди Доналд Трампро дар Амрико амиқан нигарон кунад, зеро Эрдуғон эҳтимолан қасд дорад Туркияро ба унвони бахше аз роҳи ҳалли мушкилоти Сурия муаррифӣ кунад ва ин метавонад хатари ташдиди бесуботӣ дар минтақаро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Ҳимояти Туркия аз гурӯҳаки террористии Ҳайат Таҳрир аш Шом

Бар асоси ин гузориш, ба назар мерасад, ки Анкара дар ҳоли омодасозии Ҳайат Таҳрир аш Шом барои дар даст гирифтани қудрат дар Сурия аст. Туркия ин гуруҳро ба унвони созмоне муаррифӣ мекунад, ки метавонад, давлати бюрократӣ эҷод карда, назму қонӯнро барқарор ва ба мардуми Сурия, ки танаввуъи ҷамъиятии болое доранд, хизмат кунад. Ба ҳамин далел аст, ки Анкара ба унвони яке аз аъзои эътилофи НАТО, пешниҳоди ҳимояти таслеҳотӣ аз Ҳайат Таҳрир аш Шомро матраҳ кардааст.

Ба бовари ин таҳлилгар, Эрдуғон мехоҳад бо кантроли Абумуҳаммад Ал Ҷулонӣ, саркардаи Ҳайат Таҳрир аш Шом, созу корҳои ин гуруҳро мутобиқ бо дидгоҳҳои худ шакл диҳад то ба ҳадафи ниҳоиаш, яъне нобудии минтақаи худмухтори курдҳо дар шимоли Сурия даст ёбад.

Ин минтақа аз хоки Сурия таҳти кантроли Ҳизби иттиҳоди демократии Сурия ва Неруҳои демократии Сурия қарор дорад, гуруҳи низомӣ, ки таҳти ҳимояти Амрико қарор дошта ва Анкара онро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи худ медонад.

Аҳдофи дохилӣ

Sinan Ciddi мегуяд, ҳадафи Эрдуғон аз ташдиди фишор бар курдҳо дар воқеъи мунҳариф кардани таваҷҷуҳоти шаҳрвандони Туркия аз шикастҳои иқтисодии давлаташ аст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Туркия дар ҳоли ҳозир байни 16 то 18 ҳазор неруи мусаллаҳ дар Сурия дошта ва дар ҳоли басиҷи неру дар имтидоди марз дар наздикии Кобани (Айн ал Араб) аст то кантроли Ҳизби иттиҳоди демократии Сурия ва Неруҳои демократии Сурияро аз байн бибарад.

Sinan Ciddi дар поён бо ишора ба эътимод ба нафси беш аз ҳадди Эрдуғон таъкид мекунад, ки стратегияи таҳоҷумии ӯ хатароти бузургеро ба ҳамроҳ дорад ва на танҳо барои Сурия, балки барои кулли минтақа хатарнок аст. Нодида гирифтани ин хатарот метавонад ба паёмадҳои баландмуддате мунҷар шавад, ки баргаштнопазир хоҳанд буд.