Ба гузориши “Порс-Тудей”, Дейвид Лами, вазири хориҷаи Англия дар ин нишаст ба унвони раиси давраии Шӯрои Амният суханронӣ ва таъкид кард, ки ҷанги Украина фақат масъалае барои амнияти ин кишвар ё Аврупо нест, балки масъалае барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва усули бунёдини Эъломияи СММ аст.
Ҷанги Украина
Ҳазорумин рӯзи ҷанги Украина дар ҳоле фаро расидааст, ки бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти ахир, ба хусус муҷаввизи Амрико ба Украина барои ҳамла ба умқи хоки Русия, бо таслеҳоти ғарбӣ, чашмандози торике пеши рӯи он қарор дорад. Ҷанги Украина, ки дар 24 феврали 2022 оғоз шуд, то кунун хисороти азими инсониву иқтисодӣ бар ҷо гузоштааст. Беш аз 11 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанду наздик ба 25 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҳоле ки омори воқеӣ эҳтимолан болотар аст.
Тахриби зерсохтҳову муҳоҷирати иҷбории ҳудуди 10 миллион украинӣ, аз ҷумла 6.8 миллион нафар, ки ба кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд, аз паёмадҳои аслии ин ҷанги вайронгар будааст.
Заминҳои Украина низ ба яке аз олудатарин манотиқи ҷаҳон ба мина табдил шудааст. Тибқи баровардҳо, бозсозии Украина ниёзманди ҳазинае 500 миллиарддолларӣ ба муддати даҳ сол аст.
Дар айни ҳол, ҳар як аз ду тарафи ҷанг, яъне Русияву Украина муддаии ворид овардани талафоти инсонии чашмгиру нобуд сохтани ҳаҷми азиме аз таҷҳизоти низомии тарафи муқобил ҳастанд.
Акнун ба назар мерасад, тағйироти аслӣ дар заминаи ҷанги Украина ба тадриҷ дар ҳоли вуқуъ аст. Ин тағйирот, ки муҳимтарини онҳо рӯи кор омадани дубораи Доналд Трамп ва оғози даври дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ аз 20 январи 2024 ва рӯйкарди вай дар заминаи ҷанги Украина аст, ки кишварҳои аврупоии ҳомии Киев, ба хусус Олмонро ба ин ҷамъбандӣ расонда, ки дигар идомаи ҷанги Украина ба риволи қаблӣ имконпазир нест.
Таҳаввули муҳиму сарнавиштсози дигар, иқдоми ҷадиду ҳамоҳанги Амрико ба ҳамроҳии Англияву Фаронса дар заминаи судури муҷаввизи ҳамла ба умқи хоки Русия бо истифода аз таслеҳоти ғарбие монанди мушаки ATACMS бо бурди 300 километр ва низ мушакҳои крузи ҳавопартоби Сторм Шадо бо ҳаддиаксари бурди беш аз 500 километр аст, ки таҳаввуле ҷадиду хатарнок дар ҷанги Украина маҳсуб мешавад.
Ин амр ҳарчанд бо истиқболи Киев ҳамроҳ шуда, аммо Русия дар бораи табаоти ин иқдоми танишофарин ҳушдорҳои ҷиддӣ додааст.
Нуктаи муҳим ин ки Иттиҳоди Аврупо, ки аз тағйири эҳтимолии рӯйкарди Амрико дар қиболи ҷанги Украина дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп бимнок аст, аз ин таҳаввули хатарнок истиқбол кардааст.
Дар ин росто расонаҳои ғарбӣ аз истиқболи густардаи вузарои хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар нишасти Брюссел аз тасмими Ҷо Байден барои имкони истифодаи Украина аз мушакҳои дурбурд барои ҳамла ба аҳдофи мухталиф дар хоки Русия хабар доданд.
Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ аз тасмими Вашингтон барои судури муҷаввизи ҳамлаи Украина ба хоки Русия бо истифода аз мушакҳои дурбурди амрикоӣ истиқбол кард ва онро тасмиме хуб хонд.
Ба назар мерасад аврупоиҳо бар ин гумон ҳастанд, ки муҷаввизи ҳамла ба хоки Русия бо таслеҳоти ғарбӣ, ки мусалламан вокуниши шадиди Русияро ба дунбол хоҳад дошт, амалан муҷиби дахолати ҳар чӣ бештари Амрико дар ҷанги Украина шудаву ба ин тартиб ҳатто агар Трамп қасди поён додан ба ин ҷангро дода бошад, бо мавонеи зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
342/