Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тамошогарони саҳюнист дар Нидерландия пас аз бозии тимҳои «Макаби»-и Тел-Авив ва Аяки Амстердам парчами Фаластинро пора карданд.
Дар пайи ин иқдоми саҳюнистҳо, ҷавонони мусулмони хашмгин ба тамошогарони саҳюнист юриш бурда ва онҳоро луту куб карданд.
Дар ин даргириҳо то кунун панҷ саҳюнист захмӣ шудаанд.
Дафтари Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард, ду ҳавопаймо барои бозгардондани тамошочиёни саҳюнист ба Нидерландия фиристода шудааст.
342/