8 Ноябр 2024 - 19:11
Ҳамла ба тамошогарони саҳюнист пас аз иҳонат ба парчами Фаластин дар Ҳоланд

Тамошогарони саҳюнист дар мусобиқаи футбол дар Амстердам пас аз иҳонат ба парчами Фаластин, мавриди ҳамла ва лату куб қароргирифтанд.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, тамошогарони саҳюнист дар Ҳоланд пас аз бозии тимҳои «Маккаби» Тел-Авив ва «Аякс Амстердам» парчами Фаластинро пора карданд.

Дар пайи ин иқдоми саҳюнистҳо, ҷавонони мусулмони хашмгин ба тамошогарони саҳюнист юриш бурда ва онҳоро лату куб карданд.

Дар ин даргириҳо токунӯн панҷ саҳюнист захмӣ шудаанд.

Дафтари Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард, ду ҳавопаймо барои бозгардондани тамошочёни саҳюнист ба Ҳоланд фиристода шудааст.

342/