AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

30 Апрел 2024

17:01:04
1455348

Иттиҳодияи Араб: Режими саҳюнистӣ ба думболи нобудии мавҷудият ва ҳуқуқи Фаластин аст

Дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт:Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз ҷанг дар борикаи Ғазза нобудии мавҷудият ва ҳуқуқи Фаластин ва низ аз байн бурдани комили масъалаи Фаластин аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Абулғайт-дабири кулли Иттиҳодияи Араб рӯзи душанбе афзуд, дар чорчуби муқобила бо ҷанги вайронгари режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Фаластин ва барои муқобила бо ҷинояти наслкушии режими Исроил зидди фаластиниён, бавежа дар борикаи Ғазза, ки наздики ҳафт моҳ аст идома дорад, масъалаи Фаластин дар шароити сарнавиштсозе қарор дорад.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри гузашта (2023) бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза зидди мардуми бедфоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар баробари ҷиноёти режими ғосиби Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии ин режими ғайриқонунӣ шудааст.

 Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шуҳадои ҳамалоти режими наслкуши саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябр 2023 то кунун ба 34 ҳазору 488 нафар ва шумори захмиҳо ба 77 ҳазору 643 нафар расидааст.

 

342/