Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рафаэл Гросси, ки ба Нию-Йорк сафар кардааст дар ҷамъи хабарнигорон тавзеҳ дод: Бозрасони мо дар Эрон рӯзи гузашта аз сӯи давлати ин кишвар огоҳ шуданд, ки тамоми марказҳои ҳастаӣ, ки мо ҳар рӯз бозрасӣ мекунем бино ба далоили амниятӣ таътил аст. Ин марокиз имрӯз барои идомаи бозрсиҳо боз шуданд, аммо ман тасмим гирифтам, ки бозрасони мо то замоне, ки авзоъ ором нашавад бознагарданд; бинобарин мо кори худро аз фардо аз сар мегирем.
source : Parstoday
Сешанбе
16 Апрел 2024
20:01:03
1451893
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энергии атомӣ тасреҳ кард далеле дар бораи сохти силоҳи атомӣ дар Эрон нест ва танишҳои ахир таъсире бар кори бозрасон дар ин кишвар надоштааст.