AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

4 Апрел 2024

14:31:16
1449061

БРИКС ва суботи минтақа , меҳвари дидори сафири Эрон бо муовинони вазорати умӯри хориҷаи Русия

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав дар дидорҳои ҷудогона бо муовинони Вазорати умӯри хориҷаи Русия дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла дар чорчӯби гуруҳи БРИКС ва ҳамчунин тақвияти суботи минтақа гуфтугӯ кард .

Ба гузориши Ирно , « Козими Ҷалолӣ » сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо « Сергей Рябков » муовини вазири умӯри хориҷаи Русия дар умӯри равобит бо кишварҳои Амрикои шимолӣ ва  ҷанубӣ , БРИКС ва амнияти байналмилал бар азми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мушорикат ва  ҳузури фаъол дар сохторҳои рӯ ба тавсеаи гуруҳи БРИКС таъкид кард .

БРИКС ( BRICS ) номи гуруҳе ба раҳбарии қудратҳои навзуҳӯри иқтисодӣ аст ки аз ба ҳам пайвастани ҳуруфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия , Русия , Ҳинд , Чин ва  Африқои Ҷанӯби ташкил шудааст .

Дар понздаҳумини Иҷлоси сарони гуруҳи БРИКС дар Ҷоҳаннесбурги Африқои Ҷанӯби , бо узвияти расмии Эрон дар ин блоки иқтисодӣ мувофиқат шуд .

Дар ин дидор бо тавваҷуҳ ба раёсати давраи Русия бар гуруҳи БРИКС дар соли 2024 , дар бораи баҳрагирии Маскав ва  Теҳрон аз зарфиятҳои мавҷӯд дар ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои муштараки чанд ҷониба музокира шуд.

«Козими Ҷалолӣ » ва « Сергей Рябков » дар ин дидор бар идомаи ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Рӯсия дар ҳамаи заминаҳои калиди таъкид карданд .

342/