AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

3 Апрел 2024

21:09:18
1448836

Маҳкумияти ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия дар Шӯрои амният

Василий Небензя, сафиру намояндаи Русия дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амният, ҳамлаи режими Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ ва ҳамчунин ҳамалот ба Сурияро маҳкӯм кард ва гуфт, ин иқдомот боиси ташдиди даргириҳо дар минтақа мешавад.

Сафири Русия дар Созмони милал гуфт, мо ҳадаф қарор додани сохтумони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси кушта шудани кормандони он шудааст ба шадидтарин роҳи мумкин маҳкӯм мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ ҳамла ба марокизи дипломатиро таъйид накарда ва намекунем ва онро маҳкум мекунем.

Вай тасреҳ кард, масунияти дипломатии кормандони сафорат бояд бар асоси Конвенсияи 1963 Вена мавриди эҳтиром қарор бигирад. Ин аввалин иқдоми Исроил дар ҳамла ба ғайринизомиён дар Сурия набудааст, аз ибтидои ҳафтуми октябр то ба имрӯз шоҳиди чандин баробар шудани иқдомоти Исроил алайҳи ғайри низомиён будаем.

Небензя тасреҳ кард, тайи чанд моҳи гузашта ҳавопаймоҳои Исроил, ҳамалотеро алайҳи фурудгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла фурудгоҳи Димишқ, ки дарвозаи вурудии кумакҳои инсондӯстона аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид будааст, ҳадаф қарор додааст. Барағми инки мақомоти Амрико баёноти баландболое дар ин бора содир мекунанд, аммо дар баробари иқдомоти Исроил сукут мекунанд.

342/