AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

15 Январ 2024

13:15:41
1429618

Таҳлил: Рӯйкарди дугонаи аврупоиҳо дар заминаи терроризм

Додгоҳи таҷдиди назари Дания мавсӯм ба « Додгоҳи шарқӣ » рӯзи ҷумъаи 12 январ ҳукми ҳабси се нафар аз аъзои гуруҳи Таҷзия талаб « Алаҳвозия » ки ба тарвиҷи терроризм дар Эрон ва ҷамъоварии иттилоот барои як сервиси иттилоотии Арабистон муттаҳам шуда будандро тайид кард . Ин се нафар дар соли 2022 тавассути як додгоҳи радаи поинтар ба тартиб ба таҳаммули шаш ، ҳафт ва ҳашт соли ҳабс маҳкӯм шуда буданд.

 Аз сӯии дигар ин додгоҳ ҳукми маҳкӯмияти феврали 2022 ин маҳкӯмон дар заминаи таъмини молии терроризм аз тариқ дарёфт 15 миллион курунир ( муодили 2 миллиону  200 ҳазор доллар ) ва  талош барои дарёфт 15 миллион курунири дигар аз Арабистони Саъудӣ барои ин гурӯҳаки таҷзия талабро тайид кард .

Ин додгоҳ пеш аз ин яъне дар рӯзи сешанбеи райи додгоҳи маҳаллӣ дар заминаи тарвиҷи терроризм се нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии таҷзия талаби  "Алаҳвозия " ва  ҷосӯсии онҳо барои Арабистонро тайид карда буд . " Додгоҳи шарқӣ" Копенҳаген эълом кард, ки ин маҳкӯмон машғӯли ҷамъоварӣ иттилоот дар мавриди афрод ва  Созмонҳое дар Дания ва  хориҷ аз он ва аз ҷумлаи умӯри низомии марбӯт ба Эрон ва  интиқоли он ба ташкилоти иттилоотии Арабистон буданд . Бар асоси қавонини Дания муҷозоти ин афрод ҳаддиаксар 12 сол зиндон будааст. Додгоҳи шарқӣ дар Копенҳаген ҳукм дод, ки ин нафарот аз Дания ихроҷ хоҳанд шуд . Муттаҳамон маҳкӯмияти худро дар зиндонҳои Дания сипарӣ хоҳанд кард аммо ҳанӯз мушаххас нест онҳо чӣ замонӣ ихроҷ хоҳанд шуд .

Ба гуфтат « Finn Borch Andersen » раиси дастгоҳи иттилоотии Дания ин 3 нафар аз соли 2012 ба ин сӯ барои Арабистони Саъудӣ ҷосӯси мекардаанд . Маҳкумони узви гурӯҳаки "Алаҳвозия" ки номи онҳо зикр нашудааст ، дар феврали 2020 дар шаҳри Регситд воқеъ дар 60 километрии ҷануби ғарбии Копенҳаген боздошт шуданд . Иттиҳоми ин афрод дар заминаи тарвиҷи терроризм дар пайи ҳамлаи террористии 22 сентиябри 2018 ( 31 шаҳривари 1397 ) ба режаи низомии Аҳвоз исбот шуда буд.

Гурӯҳаки террористӣ ва  таҷзияи талаби Алаҳвозия дар солҳои ахири иқдомоти мутаъаддиде барои ноамн кардани Хузистон ба иҷро гузошта ва мехоҳад аз тариқ бесубот кардани минтақа, заминаро барои ҷудоии Хузистон аз Эрон фароҳам кунад ; ҳамон иқдоме, ки режими Баъси Ироқ бо ҳамла ба Эрон сайъ кард онро ба самар бирасонад, вале шикаст хӯрд. Ташкилоти мазкӯр иқдом ба бомбгузориҳои мутаъаддид аз ҷумла дар фармондории Аҳвоз ва  чандин чоҳу таъсисот нафтӣ кардааст.

Яке аз бузургтарин ҷиноёти гурӯҳаки террористии Алаҳвозия, ҳамла чанд унсури мусаллаҳи узви он ба маросими режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон Аҳвоз дар рӯзи 22 сентябри 2018 буд ки бо тирандозӣ ба мардум ва  низомиёни режаи раванда, даст кам 25 нафарро шаҳид ва  ҳудӯди 70 нафарро маҷрӯҳ карданд . Пас аз ин ҳамлаи гурӯҳаки Алаҳвозия ошкоро дар шабакаи моҳворае Ал-Арабияи мутаъаллиқ ба режими Саъӯдии масъӯлияти онро бар ӯҳда гирифт, ин расонаи Саъудӣ ишора ба " террористӣ будан " ҳамла ба маросими режаи неруҳои мусаллаҳ дар Аҳвоз накард ва онро ҳамлаӣ мусаллаҳона номид . Кишварҳои аврупоие, ки сарону аъзои ин гурӯҳак дар онҳо ба сар мебаранд яъне Дания ، Шветсия ва Ҳоланд ҳеҷ иқдоме дар ростои маҳкӯм кардан ва ё дастгирии онҳо анҷом надоданд. Ин масъала бо эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ шуд. Ба гуфтаи Баҳроми Қосимӣ,  сухангӯии вақти Вазорати хориҷаи Эрон : " Ин ки Иттиҳодияи аврупоии ин гурӯҳҳоро то замоне, ки амалиёти террористӣ дар хоки Аврупо анҷом надода бошанд террорист намехонд,  ғайриқобили қабуласт" .

Аммо пас аз ин,ки масъалаи амнияти миллии бархе кишварҳои аврупоӣ монанди Дания бо тавваҷуҳ ба ҷосӯсии аносири гурӯҳаки террористии Алаҳвозия ба нафъи Арабистони Саъудӣ матраҳ шуд иқдом ба дастгирии ва муҳокимаи онҳо кардаанд .

Ҳар чанд масъалаи терроризм дар солҳои ахир ба муъзали бузургӣ барои бисёре аз кишварҳои аврупоӣ табдил шудааст . Бо ин ҳол аврупоеҳо дар мувоҷиҳа бо ин падида шавам рӯйкарди дугона доранд. Мисдоқи боризи ин амр, бархӯрди дугонаи кишварҳои аврупоӣ бо гуруҳаки террористӣ " Алаҳвозия "аст ки иқдомоти террористии мутаъаддиде сӯрат дода ва  доияи таҷзия талабӣ дошта ва  хостори таҷзияи устони Хузистон аз Эрон аст. Ҳангомӣе,ки ин гурӯҳаки террористии алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомоти террористӣ сурат медиҳад, аврупоиҳо чашми худро бар рӯй ин амр мебанданд ва бидӯни ҳеҷ монеъи иҷозаи фаъолиятҳои онро медиҳанд, аммо замоне, ки иқдомот ва  фаъолиятҳои "Алаҳвозия " бар хилофи масолеҳ ва  манофеъи амнияти миллии онҳо бошад бо он бархӯрд мекунанд .

Зимни ин,ки ҳимоятҳои деринаи бархе кишварҳои аврупоӣ ба вижа Фаронса аз гурӯҳаки террористии мунофиқини лаккаи сиёҳи дигаре бар домани ин кишварҳо дар заминаи ҳимоят аз тероризм ба далели зиддияти ин гурӯҳак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ба рағми огоҳии комили давлати Фаронса аз ҷиноёти густардаи ин гурӯҳаки алайҳи миллати Эрон ва  Ироқ аммо ҳануз ҳам мунофиқин бо ҳимояти ошкор ва  пинҳони Париж ба фаъолият ва  баргузории маросим ва  нишастҳои худ дар Фаронса идома медиҳанд .