AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

26 Декабр 2023

17:47:33
1423995

Лукашенко: Супурдани маҳмулаҳои силоҳҳои ҳастаии тактики Русия ба Беларус ба охир расид

Раиси ҷумҳури Беларус аз ба охир расидани ирсол маҳмулаҳои силоҳҳои ҳастаии тактикии Русия ба Беларус хабар дод, ки бо ҳадафи муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии аъзои НАТО дар ин кишвар ҷойгир шудаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Александр Лукашенко-раисҷумҳури Беларус дирӯз душанбе дар изҳороте дар нишасти блоки иқтисодӣ ба раёсат Русия дар Санкт-Петербург бидуни ишора ба ҷузъиёти марбут ба миқдори силоҳҳои ирсолшуда ё маҳалли истиқрор онҳо гуфт, ин иқдом ба манзур ҷилавгирӣ аз таҷовузӣ Полша ба унвони яке аз аъзои НАТО сурат гирифтааст.

  Русия пеш аз иқдом ба ирсоли ин силоҳҳо ба Беларус таъкид кард, ки контроли истифода аз ин силоҳҳоро дар дасти худ нигаҳ медорад.

342/