AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

11 Декабр 2023

13:28:15
1419289

Сенатори Амрикоӣ : Украина бахше аз хоки худро ба Русия вогузор кунад

Як сенатори Амрикоӣ гуф,т ки Украина барои поён додан ба ҷанг бо Русия эҳтимолан лозим аст бахше аз хоки худро ба ин кишвар вогузор кунад.

Ҳимоятҳои таслиҳотии Ғарб ба вижа Амрико аз Украина боиси тулонӣ шудани ҷанг миёни Русия ва ин кишвар шудааст, ҳимояте, ки Маскав борҳо нисбат ба авоқиби ҷуброннопазири он ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст .

Ба гузориши рӯзи душанбеи Ирно ، « Ҷи Ди  Венс » J . D . Vance сенатори ҷумҳӯрихоҳи Иёлати Оҳио гуфт ба фоидаи  Амрико аст. ки бипазирад барои поён додан ба даргирии миёни Маскав ва Киев، Украина бахше аз хоки худро ба Русия вогузор кунад .

Венс таъкид кард, Киев ҳаргиз аз ӯҳдаи Маскав бар нахоҳад омад .

Ин чеҳраи ростгаро бо бефоида донистани 100 миллиард доллари кумакҳои пешини Вашингтон ба Киев, ирсоли 61 миллиард доллари кумаки ҷаддиди Амрикоро ба Украина зери суол барад.

Ба гуфтаи ин сенатори ҷумҳӯрихоҳ, ҳеҷ кас бовар надорад, ки Украина пирӯзи ҷанг шаваду тамаркузи аслӣ бояд бар поён додан ба даргири ва  куштор дар минтақа бошад .

Қонунгзорони ҷиноҳҳои гуногӯн дар Конгресси Амрико бар сари буҷети илҳоқии Кохи Сафед ихтилофи назар доранд .

Дар ин буҷети кумакҳо ба Исроил ва  Украина дар назар гирифта шуда ва бисёре аз ҷумҳӯрихоҳон зимни мухолифат бо афзоиши кумак ба Киев хоҳони афзоиши тадобири амниятии марзӣ дар ин буҷети пешниҳоди ҳастанд .

342/