AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

2 Октябр 2023

19:23:21
1397488

Тафсир. Туркия ҳамчунон дар пайи касби имтиёз аз ишғоли Сурия + назари коршинос

Анкара як бори дигар аз омодагии дубораи давлати Туркия барои азсаргирии музокирот бо Эрону Русия бо ҳадафи одисозии робита бо Сурия хабар дод.

Яшар Гулер, вазири дифои Туркия гуфтааст, Анкара омодаи азсаргирии музокирот миёни вузарои дифои Туркия, Русия, Эрон ва Сурия аст. Ин узви кабинаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамчунин афзуд, давлати Эрдуғон ҳамеша омодаи гуфтугӯ ва нишастан пои мизи музокира аст. Мутолиботи тарафи сурӣ чизе нест, ки битавон билофосила пазируфт. Ин нахустин бор нест, ки як мақоми давлати Анкара дар бораи музокира перомуни равобити Туркияву Сурия аз Эрон ва Русия дархости музокира мекунад, балки барои бори чандум аст, ки як мақоми кабинаи давлатии давлати Анкара барои музокира дар бораи равобити Туркияву Сурия изҳори назар мекунад. Пеш аз ин, дар бораи ҳалли ихтилофоти Туркияву Сурия ва ҳаракати ду тараф ба самти одисозии равобити Анкара бо Димишқ, музокироти мусбате баргузор шуд. Аммо давлати Эрдуғон ҳар бор музокирот дар бораи одисозии равобитро ба таъхир андохтааст. Коршиносони маҳофили сиёсии мустақил дархости давлати Туркия барои музокира бо Эрону Русия дар бораи Сурияро талоши дигари мақомҳои давлати Анкара ба манзури дарёфти имтиёз аз ду кишвари зомини амнияти бахшҳои муҳиме аз Ғарби Осиё қаламдод мекунанд. Табиӣ аст, ки ин имтиёз ба маънои гаравкашӣ аз ишғоли Сурия тавассути низомиёни Туркия аст. Аммо воқеият ин аст, ки Туркия чорае надорад ҷуз ин ки ба ишғоли Сурия поён диҳад. Зеро ишғоли арозии Сурия ба садҳо миллион доллар дар сол ниёз дорад ва дар шароити буҳрони иқтисодии феълӣ давлати Эрдуғон имкони таъмини ин ҳазинаҳоро надорад. Албатта дар ин замина кумакҳои бархе аз давлатҳои арабӣ ба Туркия барои идомаи ишғоли Сурияро набояд нодида гирифт. Ба ҳар ҳол, чунин ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Анкара талош мекунанд аз ҳар баҳонае, ҳатто хуруҷи иҷборӣ аз арозии Сурия аз Эрону Русия имтиёзоти мавриди назари худро дарёфт кунанд. Албатта, дар ҳамин замина Толиб Иброҳим, коршиноси равобити байналмилали Сурия дар гуфтугӯи ахири худ бо “Спутник”-и арабӣ гуфтааст, Эрон ва Русия метавонанд ба Туркия дар қиболи масъалаи курдҳо дар Сурия замонатҳое бидиҳанд. Бо вуҷуди талошҳои мутаноқизи давлати Туркия дар заминаи масъалаи ишғоли ғайриқонунии арозии Сурия ва ҳамзамон бо тарҳи музокира бо Эрону Русия, вазири дифои Туркия бори дигар бар идомаи ҳузуру мудохилаи низомӣ дар шимоли Сурия таъкид кард. Табиӣ аст, ки ин амр ба маънои он аст, ки Туркия ҳозир ба ақибнишинӣ аз хоки Сурия нест ва кишварҳои зомини амнияти бахшҳои муҳиме аз Ғарби Осиё зимни пазириши шароити Туркия, бояд имтиёзҳое низ ба давлати Эрдуғон вогузор кунанд. Давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба баҳонаи муқобила бо Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) шимоли Сурия ва Ироқро ишғол кардааст. Давлати Димишқ борҳо зимни эътироз ба иқдомоти низомии Туркия, ҳузури низомиёни турк дар шимоли Сурияро нақзи ҳокимияти арзии ин кишвар тавсиф ва одисозии равобити Анкара - Димишқро ба хуруҷи низомии Туркия аз арозии Сурия машрут кардааст. Ин эҳтимолро низ набояд нодида гирифт, ки давлати Эрдуғон бо дархости музокира бо Эрону Русия, талош мекунад бо тарҳи мавзуоти ҳошияӣ, бархе воқеиятҳо аз мавозеи расмии ду кишварро дар ҷиҳати манофеи Туркия баландмуддат истихроҷ кунад. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои Теҳрону Маскав дар ин замина бисёр ҳушёртар аз мақомҳои Анкара ба назар мерасанд.

342/