30 Сентябр 2023 - 19:59
Раъйи мусбати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба пешнависи қатъномаи тасвиби номи кишвари Фаластин

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ҷараёни шасту ҳафтумин нишасти солонаи конфаронси умумии худ дар Вена ба пешнависи қатъномае барои тасвиби расмии номи кишвари Фаластин раъйи мусбат дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пешнависи ин қатънома рӯзи панҷшанбе аз сӯи Миср ба намояндагӣ аз Фаластин матраҳ шуд.

Бар асоси ин гузориш ва бидуни ишора ба ҷузиёти он ожонс имтиёзоту ҳуқуқи муҳимми дигаре низ ба Фаластин додааст.
92 кишвар дар ростои ҳимоят аз пешнависи қатънома таҳти унвони « вазъияти Фаластин » дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ раъй доданд; дар ҳоле ки 21 кишвари дигар ба ин қатънома раъй бетараф дода ва танҳо панҷ кишвар мухолифати худро бо он эълом карданд.
Ин иқдом дар чорчӯби талоши раҳбарони фаластинӣ барои дастёбӣ ба узвияти комил дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва дигар ожонсҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

342/