Пештар низ рӯзномаи The Wall
Street Journal ба нақл аз мақомҳои огоҳ дар Арабистон гузориш дода буд,
ки ширкати миллии ҳастаии чини мавсӯм ба "CNNC", пешниҳоде ба Риёз барои
сохти як нерӯгоҳи ҳастаӣ дар устони шарқии ин кишвар ва дар наздикии
марз бо Қатару Иморот ироа кардааст.
Дар ин моҷаро Амрико танҳо нест ва режими саҳюнистӣ, ки барои робита бо Арабистон хез бардошта буд баъд аз он ки давлати Риёз лузӯми дастёбӣ ба тавони ҳастаиро ба робита бо ин режим гиреҳ зад, баҳси робита бо Арабистон, ки то пеш аз ин бо иҷмоъ дар дохили Исроил ҳамроҳ буд ба як мавзӯи ихтилофбарангез табдил шуд ва бад-ин тартиб як мавзӯи баҳсангез дигар ба маҷмӯи ихтилофот дар дохили Исроил изофа шуд.
Аммо ончӣ ки ба равобити Амрико ва Арабистон марбӯт мешавад, шавоҳиди мавҷӯд нишон медиҳад, ки рӯз ба рӯз ин равобит суст мешаваду Арабистон дар пайи бадилҳои ҷадид дар минтақа ва ҷаҳон барои худ аст. Ба навиштаи Телеграф акнӯн пас аз гузашти 13 сол, тағйироте дар ҷаҳон падиди омада ва эътилофҳои ҷадиде ба суръат дар ҳоли шакл гирифтан ҳастанд. Дар ҷаҳоне, ки ба таври фазоянда чандқутбӣ аст, Арабистони Саудӣ ба дунболи шуракои амниятии дигаре аст, ки дар ҳавзаи интихобот бо бе суботии камтаре мувоҷеҳ шаванд ва ё он шарики маддиназар аз Арабистон ба далели масоили ҳуқуқи башар камтар интиқод кунад.
Тайи 15 соли ахир вобастагии Вашингтон ба нафти Халиҷи Форс то ҳадди зиёде коҳиш ёфта ва аз тарафе инқилоби шил тавлиди энержии дохилии Амрикоро афзоиш додааст ба гӯнае, ки имрӯза Амрико камтар аз шаш дарсади нафти худро аз Арабистони Саудӣ ворид мекунад.
Бар ин асос метавон гуфт, муъодилаи "нафт дар баробари амният", ки барои даҳаҳо равобити Арабистону Амрикоро шакл дода буд, акнӯн зери суол рафтаасту дигар вуҷӯди хориҷӣ надорад.
Танишҳо дар равобити Арабистон ва Амрико замоне авҷ гирифт, ки мақомҳои саудӣ бовуҷуди интизори Кохи Сафед, ки тасаввур мекарданд бо Риёз бар сари афзоиши тавлиди нафт тавофуқ кардаанд, тасмим гирифтанд тавлиди ин маҳсӯлро коҳиш диҳанд.
Дар муқобил равобити амиқи Риёз бо Пекин баёнгари тағйири бозорҳои содироти нафт аст. Чин дар соли 2022 бо хариди 1. 75 миллион бушка дар рӯз ба аслитарин воридкунандаи нафти Арабистон бадал шудааст. Ғӯли нафтии Оромкуи саудӣ ҳам сармоягузории чандмиллиарддолларии худро дар Чин афзоиш додааст.
Ибрози тамоюли Арабистон барои узвият дар Шанхай ва БРИКС ва мутақобилан даъват аз Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб барои пайвастан ба блоки Брикс абъоди дигаре аз фосилагирии ин ду кишвар аз Иёлоти муттаҳидаро ба тасвир мекашад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, пешниҳодҳои муваффақиятомези Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ду иқтисоди бузурги Ховари Миёна барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС, тавоноии онҳоро барои иқдоми мустақил аз Иёлоти муттаҳида, ки дар як давраи тӯлонимуддат зомини амнияти онҳо буда, тақвият кардааст.
Равобити кишварҳое монанди Имороту Арабистон бо Чин дар қолаби БРИКС ва ҳатто Шанхай нишон медиҳад, ки ду муттаҳиди калидии Ғарб дар Халиҷи Форс дар масири иттиҳодҳои ҷадиду идомаи равобит бо ҳамаи бозигарон ва иттиҳодҳо ва блокҳо қарор гирифтаанд ва бо дарки саҳеҳ аз раванди тағйири муносиботи қудрату афзоиши теъдоду вазни бозигарони ғайриғарбӣ дар ҷаҳони кунӯнӣ, саъй доранд бо ҳамаи кишварҳо ва блокҳо кор кунанд ва худро аз мазоёи равобит бо ҳамаи бозигарон, маҳрӯм накунанд.
Ҳам Арабистони Саудӣ ва ҳам Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавзуоте монанди тавлиди нафт, ҷанг дар Украину равобити худ бо Эрону Сурия роҳи худро аз рӯйкарди Амрико ҷудо кардаанд.
Баназар мерасад, Арабистон бо илм ба инки набояд тамоми тухми мурғҳои худро дар сабади кишварҳои ғарбӣ қарор диҳад, мехоҳад дар низоми иқтисодӣ ва сиёсии ояндаи ҷаҳон нақши мустақилтаре нисбат ба гузашта ифо кунад.
Бо пайвастани Арабистон ва Иморот ба ҷамъи кишварҳои гуруҳи БРИКС, ин эътилоф акнӯн муташаккил аз шуморе аз тавлидкунандагону содиркунандагони умдаи нафт дар ҷаҳон аст ва ин муҳим метавонад роҳро барои нақшофаринии муассиртари БРИКС дар масири долаларзудоӣ ҳамвортар созад.
Оғози раванди долларзудоӣ дар воқеъ аз амалкарди Амрико ношӣ мешавад. Дар солҳои ахир, таҳримҳои молии якҷонибаи эъмол шуда аз сӯи Иёлоти муттаҳида, зарурату фаврияти долларзудоиро, ки акнӯн ба як иҷмоъи умумӣ табдил шудааст беш аз пеш зарурӣ кардааст.
Ҳамчунин вазъияти доллар таҳти таъсири бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Иёлоти муттаҳида қарор дорад. Сатҳи болои қарзҳои давлати Амрико ва адами итминон нисбат ба рушди иқтисодии ин кишвар сабаб шудааст, арзиши доллар бо коҳиш рӯбарӯ шавад.
Сарони кишварҳои узви БРИКС ҳамвора бар аҳамияти ташвиқи истифода аз арзҳои маҳаллӣ дар тиҷорати байналмилалӣ, мубодилоти молӣ байни кишварҳои БРИКС, шуракои тиҷории онҳо ва ташвиқ ба тақвияти шабакаҳои бонкии байни кишварҳои БРИКС ва имкони тасвияҳисоб бо арзҳои маҳаллӣ таъкид доштаанд. Ба истиноди додаҳои мунташир шуда дар ҳоли ҳозир ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ дар дохили БРИКС бо истифода аз доллар ва евро бо коҳиши рӯбарӯ шудааст.
Дар ҳоле, ки ҳижмунии сиёсӣ ва иқтисодии ниҳодҳои ғарбӣ ва Амрико тазъиф мешавад, аммо шохисҳои мавҷӯд аз тақвияти рӯзафзӯни ҷойгоҳи қудратҳова созмонҳои навзҳур ҳамчун БРИКС ҳикоят дорад.
Ба ҷузи Африқои Ҷанубӣ, чаҳор кишвари дигар дар байни ҳафт кишвари аввал аз назари масоҳат ва 10 кишвари аввали дунё аз назари ҷамъияту тавлиди нохолиси дохилӣ ҳастанд. Се артиш аз панҷ артиши бузурги дунё дар БРИКС узвият доранд. Панҷ кишвари узви БРИКС ҳудӯди 40 дарсади ҷамъият, наздик ба як чаҳоруми тавлиди нохолиси миллӣ ва ҳудӯди як сеюми хоки дунёро ташкил медиҳанд.
Бар ин асос метавон гуфт, ки рӯйкарди Арабистону Иморот дар фосилагирӣ аз Амрико ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои худ бо қудратҳои навзуҳӯр ва пайвастан ба БРИКС комилан воқеъбинона ва мутаносиб бо тағйиру таҳаввулоти ҷаҳонӣ, буда ва манофеи ин кишварҳоро тазмин мекунад.