Поп Франсис, раҳбари котоликҳои ҷаҳон дар посух ба номаи ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Абдукарим Поз, намояндаи адён дар бунёди исломии Аргентина ( FIAS ) зимни маҳкӯм кардани беҳурматӣ ба Қуръони карим дар Шветсияву Дания ин гӯна иқдоми нораворо монеъи гуфтугуи инсонӣ донист.
Вай дар ин нома навиштааст : Доктор Абдукарим Поз,бародари азизам аз номаи Шумо бисёр сипосгузорам . Моҷарои оташ задани Қуръони карим воқеан як амали ваҳшиёна аст . Ин маворид ба гуфтугуи инсонӣ ва болиғонаи миёни мардум осеб мезанад ва монеъи он мешавад .
342/