Ба гузориши Алявмал Собеъ, " Сомеҳ Шукрӣ" вазири умури хориҷаи Миср дар вокуниш ба мавозеъи манфии Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи бозгашти Сурия ба оғуши Иттиҳодия Араб гуфт: Тасмиме барои бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб бояд мавриди қадрдонии Иттиҳодия Аврупо қарор мегирифт.
Шукрӣ афзӯд: Аз ин, ки Иттиҳодия Аврупо нишасти худ бо Иттиҳодия Арабро пас аз бозгашти Сурия дар Иттиҳодия лағв кардааст, муътасифем.
Ҳафтаи пеш сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб гуфт, ки мавозеъи Бруксел нисбат ба давлати Дамишқ тағире накардааст. Аммо дар бораи табаоти ин таҳаввул, бо аъзои Иттиҳодияи Аврупо ройзани хоҳад кард.
Аз сӯйи дигар масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодиия Аврупо тайи суханронӣ дар Конфросни ҳимоят аз Сурия дар Бруксел гуфт: Акнун шароит дар Иттиҳодия Аврупо барои тағири сиёсатҳои он дар қиболи Сурия муносиб нест.
Иттиҳодияи Араб моҳи гузашта аз саргири мушорикати ҳайатҳои Сурия дар нишастҳои Шӯрои Иттиҳодияи Араб ва Созмонҳои вобаста ба онро эълом кард.
342/