7 Март 2026 - 14:16
Source: ABNA
Васоитаи иттилоотии ибрӣ: Осеб расидан ба радарҳои Амрико пайгирӣ кардани мушакҳои Эронро душвор кард

Доираҳои расмии низоми сионистӣ бо нашри гузоришҳо ба қудрати мушакии Эрон эътироф карданд.

Бар гузориши хабаргузории «Абна», доираҳои расмии низоми сионистӣ эътироф карданд, ки вақти огоҳии оғози ҳамлаҳои мушакии Эрон дар заминҳои ишғолшуда ба сабаби осеб дидани радарҳои Амрико дар минтақа то як дақиқа кам шудааст.
Бар асоси ин гузориш, расидани осеб ба радарҳои амрикоӣ раванди шиносоӣ ва пайгирӣ кардани мушакҳои Эрон дар вақи муносибро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Васоитаи иттилоотии зикршуда илова карданд, ки ин дар ҳоле аст, ки пештар ақаллан ҳашт дақиқа пеш аз расидани мушакҳо ба заминҳои ишғолшуда, огоҳии хатар садо медоданд.
Доираҳои расмии низоми сионистӣ эътироф карданд, ки Эрон як мушаки санҷишӣ парвоз кардааст, ки қобилияти гурехтан аз системаҳои пайгириро дорад ва танҳо вақте метавон ин мушакро пайгирӣ кард, ки қариб ба ҳадафи муайяншуда наздик шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha