Бар гузориши хабаргузори Абно, амир Киёмарс Ҳайдарӣ, ҷонишини фармондеҳи Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) дар суҳбат бо шабакаи хабар иброз дошт: Мо ирода кардаем бо тавассути инъёяти илоҳӣ, то замоне, ки шохи Амрикоро намешканем, то замоне, ки Амрикоро маъюс ва ноумед намекунем ва то вақте ки саҳни шинорҳоро аз табути афсарон, дарҷадорон ва сарбозони амрикоӣ пур намекунем ва то онҳо ин табутҳоро барои Амрико ба овардан, аз ин ҷанг даст намекашем.
Ӯ илова кард: Барои мо муҳим нест, ки ин ҷанг чанд рӯз тӯл кашад. Мо омадагӣ дорем. Мо ҷанги ҳаштсоларо таҷриба кардаем ва вақте ҳам ба ин ҷанг поён медиҳем, ки ҳис кунем ба ҳадафҳое, ки доштем даст ёфтаем ва шуморо аз амали нангини худон ноумед ва пушаймон кардаем.
Ҷонишини фармондеҳи Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) идома дод: Шумо мутмаин бошед, ки айём барои мо таърифи зиёде надорад, ки масалан кам биёрем ва натавонем идома диҳем. Он қадар хоҳем монд, ки амрикоиҳоро ҳамчуне ки гуфтам ё ба қаъри баҳр мефиристем ё палубаи киштиҳои онҳоро аз табутҳои амрикоиҳо пур мекунем.
Амир Ҳайдарӣ дар охир таъкид кард: Мо даст аз ин ҷанг намекашем.
Ҷонишини фармондеҳи Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) гуфт: Амрикоиҳоро ё ба қаъри баҳр мефиристем ё палубаи киштиҳои онҳоро аз табути нерӯҳои онҳо пур мекунем.
Your Comment