7 Март 2026 - 14:20
Source: ABNA
Вашингтон Пост: Русия ба Эрон зидди Амрико кумаки иттилоотӣ мерасонад

Рӯзномаи «Вашингтон Пост» аз кумакҳои иттилоотии Русия ба Эрон зидди Амрико хабар дод.

Бар гузориши хабаргузории «Абна», рӯзномаи «Вашингтон Пост» бо иқтибос аз се манобеъи огоҳ хабар дод, ки Русия иттилооти марбут ба имкони ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар минтақаро дар ихтиёри Эрон мегузорад.
Дар ин гузориш омадааст, ки Русия ин иттилоотро дар ихтиёри Эрон мегузорад, то зидди нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа амалиёт анҷом диҳад.
«Вашингтон Пост» илова кард, ки ин аввалин нишона аз иштироки як душмани бузурги Амрико ҳатто ба таври ғайри мустақим дар ҷанг аст.
Манобеъи огоҳ таъкид карданд, ки иттилооти зикршуда шомили ҷойгиршавии киштиҳо ва ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар минтақа будааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha