15 Феврал 2026 - 13:43
Source: ABNA
Ҳамлаҳои режими сионистӣ алайҳи шимол ва ҷануби хиттори Ғазза

Дар сояи шароити номусоиди инсонӣ дар хиттори Ғазза ҳамлаҳои режими сионистӣ алайҳи минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии ин хиттор идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Обно, манобеъи фаластинӣ эълом карданд, ки бомдоди имрӯз, якшанбе, дасти кам 9 фаластинӣ дар ҷараёни ҳамлаҳои режими сионистӣ алайҳи чадорҳои оварадагон дар шимоли хиттори Ғазза ва бахшҳое аз Хон Юнис дар ҷануби ин хиттор ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси ин гузориш, як паҳподи исроилӣ гурӯҳе аз фаластиниҳо ва чадорҳои оварадагонро дар ғарби минтақаи ал-Фолуҷа дар шимоли хиттори Ғазза зери оташ гирифт. Ин ҳамла якчанд шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ҷангандаҳои ишғолгарони сионист низ якчанд навбат шаҳри Хон Юнис дар ҷануби хиттори Ғаззаро бомборон карданд.

Илова бар ин, тахриби хонаҳои фаластиниҳо ба дасти низомиёни сионист ва тирандозӣ ба сӯи онҳо, ки вайни муқаррароти оташбас аст, ҳанӯз ҳам идома дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha