15 Феврал 2026 - 13:47
Source: ABNA
Чин нисбат ба «рӯёрӯӣ» бо Амрико ҳушдор дод

Вазири умури хориҷаи Чин дар суханоне ҳушдор дод, что шояд мавзӯъи Тайвон боиси рӯёрӯии Пеккин ва Вошингтон шавад.

Ба гузориши хабаргузории Обно, "Ванг Йӣ", вазири умури хориҷаи Чин, ки дар Конфронси амниятии Мюнхен сухан мегуфт, бо баёни ин ки "талошҳо барои ҷудо кардани Чин аз Тайвон метавонад ба эҳтимоли зиёд Пеккин ва Вошингтонро ба сӯйи рӯёрӯӣ суқ диҳад", таъкид кард: "Ихтиёри беҳтар, ҳамкории ду кишвар аст."

Вай афзуд, ки Чин хоҳони ҳамкорӣ аст на тақобул, вале барои рӯёрӯӣ бо анвоъи хатарҳо омодагии комил дорад.

Вазири умури хориҷаи Чин ҳамчунин тасреҳ кард: "Намехоҳем шоҳиди бузургнамоии ривояти рақобати мунтазам миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Чин бошем."

Вай таъкид дорад, ки Тайвон қисми ҷудонашавандаи сарзамини аслии Чин аст ва принсипи "якпорчагии муттаҳид" ғайриқобили музокира буда, Пеккин ҳатто дар сурати лозим, истифода аз зӯрро низ мунтафӣ намедонад.

Вазири умури хориҷаи Чин аз Амрико хоҳиш кард, ки роҳи ҳамкорӣ бо Пеккинро пеш гирад.

Вай гуфт: "Вале роҳи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки шомили надоштани иртибот, ҷудоӣ ва қатъи равобит бо Пеккин ва ташкили ҷиноҳҳо ва гурӯҳҳои мухталиф бо ҳадафи задан ба Чин, таҳрик ва тавтеъа бо ҳадафи ҷудоии Тайвон аз Чин аст, ки ин амалҳо ба маънои убур аз хатҳои сурхи Пеккин буда, ба эҳтимоли зиёд ба рӯёрӯии Чин ва Амрико мунҷар хоҳад шуд."

Вазири умури хориҷаи Чин дар бахши дигаре аз суханонаш хоҳони эҳёи Созмони Милали Муттаҳид шуд ва мухолифати сареҳи худро бо амалҳои якҷонибаи бархе кишварҳо дар арсаи ҷаҳон эълом кард.

Вай бе ном бурдан аз Амрико гуфт: "Бояд ҳамеша бисёрҷонибагароӣ тақвият дода шавад. Набояд бархе кишварҳо бар дигарон салтана дошта бошанд."

Вай дар ҳошияи дархост аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ислоҳ ва эҳёи ситемаи Созмони Милали Муттаҳид афзуд: "Мо ҳаққи нобуд кардани ин созмонро надорем."

Вазири умури хориҷаи Чин таъкид кард, ки ин созмон дар шакли кунунӣ идеал нест, вале ҳанӯз ҳам беҳтарин ва тавонмандтарин абзори мавҷуда дар ҷаҳон ва бостерест, ки дар он ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз андоза ва сарваташон, дорои садо ва ҳуқуқи баробар мебошанд.

Вай ҳушдор дод: "Бе Созмони Милали Муттаҳид ба қонуни ҷангал бозхоҳем гашт; ҷое ки тавонмандон заифонро шикаст медиҳанд ва иродаи худро таҳмил мекунанд."

Вазири хориҷаи Чин афзуд: "Мо дар ҷаҳони чудбқутб зиндагӣ мекунем ва бояд дифоъ аз онро идома диҳем ва ин принсип бояд бар равобити байналмилалӣ ҳоким бошад."

Вай таъкид кард, ки ҳамаи кишварҳо бояд аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор бошанд ва ба ҳамон қоидаҳо пайванд бошанд.

Вазири умури хориҷаи Чин дар поён таъкид кард: "Бархе кишварҳо метавонанд нақши роҳбарӣ дар ҳалли мунозиъаҳо иҷро кунанд, вале набояд меъёрҳои дугона вуҷуд дошта бошад ва ҳеҷ кишваре ҳаққи таҳмили иродаи худ бар дигаронро надорад."

Your Comment

You are replying to: .
captcha