Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар, Чорчӯбаи ҳамоҳангии шиаён дар Ироқ шанбешаб эълом кард: "Ба дур аз диктаҳои хориҷӣ, бори дигар пойбандии худро ба номзадии Нурӣ ал-Моликӣ барои нахуствазирии ояндаи Ироқ эълом мекунем."
Ин гурӯҳ афзуд: "Интихоби нахуствазир як мавзӯи марбут ба Конститутсияи Ироқ аст, ки тибқи созукори раванди сиёсӣ анҷом мешавад ва дар он ба дур аз диктаҳои хориҷӣ манфиати миллии Ироқ дар назар гирифта мешавад."
Ин мавзеъгирӣ пас аз он баён мешавад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба тозагӣ бо иттихози мавзеи мудохилаҷӯёна дар умури дохилии Ироқ, мухолифати худро бо номзадии Ал-Моликӣ барои тасаддии пасти нахуствазирӣ эълом кардааст! Ин масъала мавҷи вокунишҳои манфиро дар Ироқ ба дунбол дошт.
Your Comment