Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазира, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки раҳбарии ин ҷунбиш тамосҳои фишурдае бо кишварҳои миёнҷи ва бархе тарафҳои байналмилалӣ барои маҳкумияти таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза ба баҳонаҳои воҳӣ барқарор кардааст.
Ҳамос таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ масъули адамӣ дастёбӣ ба роҳи ҳалле барои мавзӯи нерӯҳои муқовимат дар Рафаҳ аст, ки дар минтақаи таҳти контроли ин режим қарор доранд.
Дар идомаи ин баёния омадааст, ки раиси Ҳамос дар навори Ғазза дар ҷараёни ин тамосҳо нисбат ба паёмадҳои ҷиноятҳо ва кушторҳое, ки режими саҳюнистӣ ба сурати рӯзона муртакиб мешавад, ҳушдор додааст.
Your Comment