Ба гузориши хабаргузории Абно, Анил Чуҳан, раиси ситоди кулли артиши Ҳинд, барои нахустин бор таъйид кард, ки Покистон шуморе аз ҷангандаҳои мутааллиқ ба Деҳли навров сарнагун кардааст.
Раиси ситоди кулли артиши Ҳинд дар гуфтугӯ бо шабакаи Блумберг бо ишора ба ин иттифоқ гуфт: "Масъалаи муҳим сарнагун кардани ҳавопаймо нест, балки далели он муҳим аст."
Анил Чуҳан, ҳамчунин аз вуҷуди иштибоҳоти тактикӣ дар парвози ҷангандаҳои ҳиндӣ сухан гуфт ва афзуд, ки Ҳинд бо шиносоии ин иштибоҳот, тавониста дар муддати кӯтоҳе онро ислоҳ ва бори дигар амалиётҳои ҳавоии худро аз сар бигирад.
Вай иддаои Покистон дар бораи сарнагун кардани 6 ҷангандаи ҳиндӣро рад карда, онро нодуруст донист ва гуфт: "Муҳимтар аз теъдоди ҳавопаймоҳои сарнагун шуда, далели он ва иқдомоти баъдии мост."
Дар пайи ҳамлаи террористии 22 апрел дар минтақаи Пулгаҳам воқеъ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, ки мунҷар ба кушта шудани 26 нафар шуд, Деҳли нав дар 6 моҳи май бо ҳамлаҳои мушакӣ ба хоки Покистон ва минтақаи Озоди Кашмир ба ин рӯйдод посух дод.
Амалиёти низомии Ҳинд бо унвони «Амалиёти Синдур» аз ҷониби Нарендра Модӣ, нахуствазир, як «лаҳзаи ифтихор» тавсиф шуд.
Ин дар ҳолест, ки 2 кишвар дар 10 моҳи май ба оташбас даст ёфтанд.
342/
Your Comment