Шиллики як мушаки боллистик аз ҷониби Яман дар бомдоди ҷумъа муҷиби ба садо даромадани ожирҳои ҳушдор дар манотиқи васеъе аз Фаластини ишғолӣ, аз ҷануб то марказ дар Тел-Авив шуд.
То кунун гузорише дар бораи хисороту талафоти эҳтимолии ин ҳамла мунташир нашудааст.
Дирӯз, панҷшанбе низ дар ду навбат яманиҳо сарзаминҳои ишғолиро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд, ки дар ҷараёни он фурудгоҳи Бен Гурион дар Тел-Авив таътил шуд.
Ҳушдори Ҷунбиши Ансоруллоҳ ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳозир дар фурудгоҳи Бен Гурион
Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи ҷумъа бори дигар ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳозир дар фурудгоҳи Бен Гурион ва ҳамчунин киштиҳое, ки дар бандари Ҳайфа ҳузур доранд, ҳушдор дод.
Бар асоси эъломи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, то замоне ки ранҷу муҳосираи мардуми Ғазза идома дошта бошад, фишори низомӣ алайҳи режими саҳюнистӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Мақоми аршади Ансоруллоҳ: Амалиёт алайҳи Исроил ҳисобшуда ва бо шинохти дақиқи душман анҷом мешавад
Муҳаммад Алфарҳ, узви дафтари сиёсии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи панҷшанбе дар як гуфтугӯи матбуотӣ дар хусуси ҳамалоти Яман ба Исроил гуфт: Мо ин душманро ба хубӣ мешиносем ва ҳеҷ ҳамлае бидуни муҳосибаи дақиқ анҷом намедиҳем. Таъсири ҳар мушак ё паҳподро аз лиҳози низомӣ, амниятӣ ва ҳатто сиёсӣ баррасӣ мекунем.
Алҳусӣ: Фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза бесобиқа аст
Саид Абдулмалик Бадруддин Алҳусӣ, дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи панҷшанбе бо таъкид бар ин ки фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза бесобиқа аст, гуфт, ки сукути уммати исломӣ ҷуръати бештаре ба саҳюнистҳо барои анҷоми ҷиноят медиҳад.
Дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо баёни ин ки уммати исломӣ масъулияти бузургу сангине дар ёрии миллати Фаластин дорад, афзуд: Шона холӣ кардан аз ин масъулият паёмадҳои бисёр хатарноке дорад, зеро ин масъулият дар қиболи Худованд аст.
Артиши Яман дар моҳҳои ахир дар ҳимоят аз муқовимати миллати мазлуми Фаластин дар борикаи Ғазза, зимни муҳосираи дарёии режими саҳюнистӣ, ҳамалотеро алайҳи аҳдофи низомии режими Исроил анҷом додааст.
Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, муҳосираву ҳамалот ба сарзаминҳои ишғолшуда тавассути Исроилро идома хоҳанд дод.
342/
Your Comment