3 Май 2025 - 22:18
Source: ABNA
Кушта шудани ду низомии исроилӣ; таркиши бомба дар Рафаҳ

Дар як ҳодисаи амниятӣ дар Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, ду низомии саҳюнистӣ ҷони худро аз даст доданд ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Манобеи бемористонӣ ҳушдор додаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ваҳими яке аз маҷрӯҳон, эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад.

Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — расонаҳои саҳюнистӣ аз кушта шудани 2 низомии исроилӣ ва маҷрӯҳ шудани 4 низомии дигар дар як ҳодисаи амниятӣ дар Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, хабар доданд.

Имшаб дар пайи таркиши бомба дар шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, 2 низомии саҳюнистӣ кушта шуданд.

Манобеи хабарии режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки дар ин ҳодисаи амниятӣ ҳамчунин 4 нафари дигар аз низомиёни саҳюнистӣ маҷрӯҳ шуданд.

Манобеи бемористонии исроилӣ мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба вахомати ҷисмонии яке аз маҷрӯҳон, эҳтимоли афзоиши шумори талафот вуҷуд дорад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha