Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — расонаҳои саҳюнистӣ аз кушта шудани 2 низомии исроилӣ ва маҷрӯҳ шудани 4 низомии дигар дар як ҳодисаи амниятӣ дар Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, хабар доданд.
Имшаб дар пайи таркиши бомба дар шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, 2 низомии саҳюнистӣ кушта шуданд.
Манобеи хабарии режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки дар ин ҳодисаи амниятӣ ҳамчунин 4 нафари дигар аз низомиёни саҳюнистӣ маҷрӯҳ шуданд.
Манобеи бемористонии исроилӣ мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба вахомати ҷисмонии яке аз маҷрӯҳон, эҳтимоли афзоиши шумори талафот вуҷуд дорад.
342/
Your Comment