Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Ахли Байт (Абна), Сайид Абдулмалик Бадруддин ал-Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии худ ба муносибати солгарди эълони шиори “Фарёди муқобили мустақбирон”, бо таҳлили вазъияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва низ фаъолияти душманони Ислом, бар аҳамияти пойбандӣ ба лоиҳаи Қуръонӣ ҳамчун роҳе барои наҷоти уммати исломӣ аз султаи фикрӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ таъкид кард.
Заъфи таъомули миллатҳо бо масъалаи Фаластин, натиҷаи сиёсатҳои нуфузи фарҳангӣ аст
Ал-Ҳусӣ дар ибтидои суханонаш ба вазъияти уммати исломӣ дар қиболи масъалаи Фаластин пардохт ва гуфт: “Вақте ба шароити 20 соли гузашта нигоҳ мекунем, мебинем, ки мизони вокуниши мардумӣ нисбат ба масъалаи Фаластин ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ин заъф дар вокуниши мардумӣ боис шудааст, ки бисёре аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ бо ҷасорати бештаре дар канори режими саҳюнистӣ қарор гиранд.”
Вай ин вазъиятро на як ҳодисаи табиӣ, балки натиҷаи таҳоҷуми фарҳангии созмонёфтаи душманон донист ва афзуд: “Душман танҳо ба дунболи ишғоли сарзаминҳо нест, балки ҳадафаш ишғоли афкор, фарҳангҳо ва ҳатто таърифҳои дӯстӣ ва душманӣ дар миёни миллатҳои мусалмон аст.”
Ҷанги дугонаи душман: сахт ва нарм
Раҳбари Ансоруллоҳ, амалкарди душманонро дар ду ҷабҳаи ҳамзамон донист:
- Ҷанги низомӣ ва физикӣ (ҷанги сахт)
- Таҳоҷуми фарҳангӣ, расонаӣ ва нуфузи идеологик (ҷанги нарм)
Вай идома дод: “Душманон кӯшиш доранд бо заъф гардонидани рӯҳияи миллатҳо, онҳоро аз муқовимат боздошта кунанд. Имрӯз садҳо миллион аз мардуми ҷаҳони Ислом амалан аз бурдани силоҳ барои дифоъ аз каромати худ канор кашидаанд. Ин натиҷаи тазриқи ноумедӣ ва бетафовутӣ аст.”
Лоиҳаи Қуръонӣ; садде дар баробари тафриқа ва султапазирӣ
Ал-Ҳусӣ, лоиҳаи Қуръониро ҳамчун муқобили лоиҳаи амрикоӣ-саҳюнистӣ муаррифӣ кард ва гуфт: “Лоиҳаи Қуръонӣ на танҳо ифшогари тавтеаҳои душман аст, балки роҳи ҳал низ пешниҳод мекунад. Ин лоиҳа масъулиятпазирӣ, огоҳӣ, муқобила бо ситам ва таҳкими эътимод ба Худоро дар миёни миллатҳо густариш медиҳад.”
Вай бо ишора ба таҷрибаи муқовимати Яман афзуд: “Дар тӯли солҳои гузашта, мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна ин лоиҳа дар баробари фишорҳо, зиндонҳо, ҳамлаҳои низомӣ ва таҳримҳо истодагӣ кард. Амрикоиҳо ва муздуронашон ҳама абзорҳои худро бар зидди мо ба кор бурданд, аммо шикаст хӯрданд.”
Шиори “Фарёди муқобил”; шиори собит дар баробари таҳдид ва тағмиъ
Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки шиори “Марг бар Амрико, марг бар Исроил” рамзи вафодорӣ ба масири Қуръонӣ аст ва на вокуниши муваққат.
Вай гуфт: “Бархилофи бархе ҷараёнҳои ба зоҳир исломӣ, ки дар мароҳили мухталиф мавозеи худро тағйир доданд, мо аз ибтидо то имрӯз, ба баракати ҳидояти Қуръон, дар масири худ собит мондаем.”
Лоиҳаи Қуръонӣ; бунёдгузори амният ва иззати воқеӣ
Ал-Ҳусӣ бо ишора ба аҳамияти ин лоиҳа дар муқобила бо ҷанги нарм, онро “сипаре дар баробари нуфузи фарҳангӣ ва сиёсии душман” тавсиф кард ва гуфт: “Ин лоиҳа дар дилҳои мардуми мо тухми эътимод ба Худоро кошт ва роҳкорҳои мушаххасе барои муқобила бо султахоҳӣ ва тафриқаафканӣ пешниҳод дод. Мардуми мо бо огоҳӣ ба майдон омаданд ва имрӯз ҷаҳон шоҳиди шикастҳои пай дар пайи душманон дар баробари муқовимати Яман аст.”
Муқобила бо тафриқа ва муздурони дохилӣ
Вай ҳушдор дод, ки душман бахшҳое аз уммати исломиро ба абзорҳое барои тафриқаафканӣ табдил кардааст ва гуфт: “Гурӯҳҳое таҳти унвонҳои қавмӣ, мазҳабӣ ё маҳаллӣ таҳрик мешаванд то аз дохил умматро пароканда кунанд. Ин лоиҳаҳо дар ростои аҳдофи Амрико ва Исроил амал мекунанд.”
Дар поён
Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ дар поёни суханонаш, бар идомаи масири Қуръонӣ ва муқовимат таъкид кард ва гуфт: “Мардуми Яман бо такя бар имони худ ва бо ҳидояти Қуръон, роҳи иззатро интихоб кардааст. Ҳар рӯзе ки мегузарад, ниёзи уммати исломӣ ба лоиҳаи Қуръонӣ бештар эҳсос мешавад ва ҳар пирӯзӣ, исботе бар дурустии ин масир аст.”
342/
Your Comment